Озмуни “Бузургтарин, азизтарин»: рағбати муносиб ба эҷодкорони фаъол ва фидокор

Бо назардошти аҳамияти бузурги истиқлолияти сиёсӣ, таърихӣ ва маънавиву тарбиявии он, ба мақсади мунтазам ва самарабахш давом додани корҳо бинобар татбиқсозии вазифаҳои асосии мо дар даврони нав, васеъ ва бо тамоми халқ таҷлил кардани иди истиқлол дар сатҳи олӣ, инчунин, бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти мамлакат аз 20-уми декабри соли равон озмуни анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» гузаронида мешавад.
Дирӯз зинави вилоятии озмуни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», ки дар худ ғояи некӯи “Дар Ӯзбекистони нав озодона ва фаровон зиндагӣ кунем!”-ро ифода кардааст, ҷамъбаст гардид.
Дар тадбир, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Самарқанд, Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Садорати маданияти ҳокимияти вилоят, Иттиҳодияи эҷодии “Тасвирий ойна”, телерадиокомпанияи вилоят ва Иттиҳодияи бадеии эҷодкорон гузаронида шуд, 18 нафар ғолиб аз рӯйи шаш номинатсия муайян ва бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

  • Озмуни “Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз”, ки ҳар сол ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ гузаронида мешавад, барои эҷодкорони фаъол, ташаббускор ва фидокор рағбати муносиб аст, — гуфт ҷоизадори ҷойи якуми номинатсияи “Асарҳои бадеии шоиру нависандагон” З.Эшонқулова. – Бигзор истиқлолияти Ватани маҳбубамон пойдор бошад ва мо эҷодкорон ба асару мақолаҳои беҳтарини худ баҳри ғанӣ гардидани бойгонии адабиёт, ривоҷи соҳаҳои маънавияту маърифат саҳм гузорем.
    Дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов иштирок ва сухан кард.

Ғолибони озмуни «Аз ҳама бузург – аз ҳама азиз»
“Суруду таронаҳои санаъткорон дар мадҳи Ватан”
Отабек АБДУAЛИЕВ – барои суруди “Ватан” (шаҳри Самарқанд);
Умида ЁРМУҲAММЕДОВA – барои суруди “Самарқанд”, (шаҳри Самарқанд);
Хуршид ГAДОЕВ – барои суруди “Ўзбекистон” (ноҳияи Нарпай).
“Санъати тасвирӣ, корҳои дизайн ва фотоасарҳо:”
Ҷумабой АБДУРAУФОВ – узви академияи “Бадиий”, рассоми графиӣ;
Фариза ХУРРAМОВA – дизайнери корхонаи хусусии “Karet dizayn”-и шаҳри Самарқанд;
Манзура НОРМAМAТОВA – устои корҳои фото ва дизайн.
“Асарҳои бадеии шоиру нависандагон”
Зуҳро ЭШОНҚУЛОВA – барои китоби “Достони ишқ” (“Ишқ достони”);
Асадулло ШУКУРОВ – барои китобҳои “Ҳангомаҳои Донишдеҳ” ва “Бодбараки хаёл” (“Дониш қишлоқ ҳангомалари” ва “Хаёт варраги”), ки бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ чоп шудаанд.
Ёрмамат РУСТAМОВ – барои китобҳои “30 лаҳзаи ҷовидонӣ” ва “Ҳақиқатҳои Жибакопа” (“Мангуликнинг 30 лаҳзаси” ва “Жибак опанинг ҳақиқатлари”).
“Материалҳои эҷодкорони радио ва телевизион”
Сироҷиддин НИШОНОВ – мухбири телерадиокомпанияи вилоят;
Зебинисо ТАҒОЕВA – журналисти радиои вилоят;
Салоҳиддин УМИРОВ – телеоператори телерадиокомпанияи вилоят.
“Корҳои журналистии ходимони воситаҳои ахбории оммавии чопӣ:”
Ёқубҷон МAРҚAЕВ – мухбири газетаи “Зарафшон”-и вилоят;
Абдулла НИСОРОВ – котиби масъули рӯзномаи “Қўшчинор”-и ноҳияи Тайлоқ;
Шербек БОБОҚУЛОВ – мухбири рӯзномаи “Пахтачи”-и ноҳияи Пахтачӣ.
“Маводҳои пурдолузарбе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳои интернетӣ эълон гардидааст”
Анвар МУСТAФОҚУЛОВ – интернет-журналист;
Ҷамоаи веб-сайти расмии www.ovozi.uz рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд”;
Гулчеҳра БЕРДИЁРОВA – интернет-журналист.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ