Ӯзбекистон ба кишвари воқеии имкониятҳо барои тадбиркорон табдил меёбад

Тадбиркорӣ ин пойдевори тараққиёт аст. Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки маҳз давлатҳое, ки дар ин самт кор бурдаанд, ба сӯи фаровонӣ роҳ ёфтаанд.
Асоси иқтисоди бозорӣ пеш аз ҳама дар рақобати озоди истеҳсолкунандагон ва шаклҳои гуногуни мулк мебошад. Ин ҷараён бар пояи қонунҳои одилона ба вуҷуд меояд. Ба ин далел, раисҷумҳури кишварамон таъкид мекунад, ки рушди тадбиркорӣ корӣ асоситарин аст. Дар натиҷаи сиёсати оқилона тӯли 4–5 соли охир дигаргуниҳои инқилобӣ рух дод.
Ман қабл аз ҳама ҳимояи тадбиркорон аз фишор ва тафтишоти гуногун, дастгирии онҳо дар даври пандемия ва имкониятҳои фаровон барои оғози тадбиркориро дар назар дорам. Натиҷа аз пешбиниҳои ман зиёд аст. Имрӯз насли тадбиркорони замонавӣ шакл гирифт. Онҳо ба раисҷумҳур ва ҳукумат лоиҳаҳоеро пешниҳод мекунанд, ки тавони пеш бурдани иқтисоди Ӯзбекистон дар сатҳи ҷаҳониро дорад.
Агар гӯям, ки мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо тадбиркорон оинаи сиёсати давлатии Ӯзбекистони имрӯза аст, хато нахоҳад буд. Таклифҳои роҳбари кишвар, ки тадбиркорон аз он пуштибонӣ карданд, ба комёбиҳои нави мо роҳ хоҳад кушод.
Рушди тадбиркорӣ дар ҳама даврон реҷаи калони давлатҳо будааст. Аммо давлатҳое, ки корро оқилона бурданд, ба натиҷа расидаанд. Зимнан, мехоҳам як армони худро бигӯям.
15‑уми феврали соли 1991 дар 4‑умин сессияи 12‑умин фарохонии Шӯрои олии Ӯзбекистони шӯравӣ қонун «Дар бораи тадбиркорӣ дар Ӯзбекистони шӯравӣ» қабул шуд. Дар он замон ман намояндаи Шӯрои олӣ будам. Дар қонун ба тадбиркорӣ чунин таъриф дода шуда буд: «Тадбиркорӣ ин фаъолияти ташаббускоронаест, ки мулкдор бо мақсади фоида гирифтан бо таваккал ва бар асоси ҷавобгарии мулкӣ дар чорчӯби қонунҳои мавҷуд амалӣ мекунад».
Баъди қабули қонун бояд ташкилоте созмон меёфт, ки фаъолияти тадбиркоронро дар худ тамаркуз медод. Бо ин мақсад 6‑уми июли соли 1991 дар Тошканд съезди таъсисии Иттиҳодияи намояндагони тадбиркорон баргузор шуд.
Мутаассифона, дар он солҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ барои кори чунин ташкилот шароит муҳайё набуд. Ҳанӯз мулкдории хусуси шакл нагирифта буд, шумори ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ низ ҳамагӣ як ё дуто буд, ки яке аз онҳо маҳсулоти пластикӣ ва дигаре чойники барқӣ истеҳсол мекард. Одамон аз шуғли тадбиркорӣ метарсиданд. Чунки тадбиркор барои фурӯши маҳсулоти худ бо ҳазорон душворӣ рӯ ба рӯ мешуд.
Вақте ки раисҷумҳурамон 20‑уми августро Рӯзи тадбиркорон эълон карданд, хеле хушҳол шудам. Аз ин, ки армони чандинсолаам ҷомаи амал пӯшид, ифтихор кардам.
Имрӯз тамоми ҷаҳон муносибати раисҷумҳури Ӯзбекис­тонро нисбат ба тадбиркорӣ эътироф ва барои ҳамкорӣ бо мо кӯшиш мекунад. Таъсиси минтақаҳои хурди саноатӣ дар ҳудудҳои дурдаст низ нишон медиҳад, ки Ӯзбекистон ба кишвари воқеии имкониятҳо барои тадбиркорон табдил меёбад. Ман ҳамчун иқтисоддон тадбиркорон ва ҳамзамон халқи худро табрик мегӯям. Зеро, бовар дорам, ки ин роҳ моро ба сӯи зиндагии ободу фаровон мебарад.

Эркин ХӮҶАЕВ,
профессори Донишкадаи давлатии иқтисод ва хидматрасонии Ӯзбекистон, иқтисоддони шоистаи Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ