Қарор ба нафъи насли оянда

Як даҳон сухани неке, ки ҳамчун малҳам ба дарди инсон гуфта шудааст, ё саъю ҳаракате, ки мушкили ӯро осон карда, ба дардаш дармон хоҳад шуд, қалби касро мисли офтоб рӯшан намуда, умеду боварияшро ба ҳаёт мисли кӯҳ мустаҳкам месозад. Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои татбиқи системаи нави давлатӣ баҳри дастгирии бачагони ятим ва аз парастории падару модар маҳрум», ки чанде пеш имзо гардид, бо малҳам шудан ба дилҳои шикаста аҳамияти калон дорад.
Тибқи қарор аз 15‑уми августи соли 2021 ба бачагони ятим ва аз парастории падару модар маҳрум, ки ҷойи истиқомат надошта, ҳамчун мӯҳтоҷ ба ҷойи истиқомат дар ҳисоб истодаанд, ҷудо кардани хона нишон дода шудааст. Ҷиҳати эътиборнокаш дар он, ки агар шахсони ба тоифаи мазкур дохилшуда ногироӣ дошта бошанд, то қабати сеюми хонаҳои бисёрошёна ҷудо кардани хона ба назар гирифта шудааст.
Вазифаҳои мазкур, ки оиди бо хонаву ҷой таъмин намудани бачагони ятим ва аз парастории падару модар маҳрум бояд амалӣ шаванд, дурандешона қабул карда шудаанд. Барои ба чунин шахсон ҷудо кардани хонаву ҷой системаи «онлайн-­навбат» истифода шуда, вайрон кардани навбат ғайриимкон мебошад. Яъне, ба бачагоне, ки дар навбати дигаранд, пеш аз навбат хонаву ҷой ҷудо карда намешавад. Вазорати таълими халқ маълумотҳоро дар хусуси ҳолати таъмини бачагони ятим ва аз парастории падару модар маҳрум бо хонаву ҷой ҳар моҳ нав карда, дар веб-сайти расмии худ ҷой медиҳад ва фикр мекунам, ки ҳамаи ин барои роҳ кушодани «бозиҳо»-и гуногун дар ин система имкон нахоҳад дод.
Дар ҳудуде, ки депутат интихоб гардидаам, бачагони ятим ва аз парастории падару модар маҳрум ҳастанд. Ба наздикӣ бо яке аз чунин ҷавонон Ф. Илясов, ки аз падару модар маҳрум шудааст, сӯҳбат кардам. Панҷ панҷааш ҳунар аст, аммо маълум шуд, ки ба хонаву ҷой мӯҳтоҷ аст. Аз рӯйи масъалаи мазкур бо раиси маҳалла маслиҳат карда, бо мақсади гирифтани хонаву ҷойи имтиёзнок барои ҷавонон тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии Ф. Илясовро тайёр карда, барои ба рӯйхат даровардан кӯмак намудем. Албатта, аз ин худи ӯ низ хурсанд.
Ҳамчунин, мувофиқи қарор бо мақсади дастгирӣ намудани таълими бачагони ятим ва аз парастории падару модар маҳрум ва аз ҳамсолони худ кам нашуда таҳсил намудани онҳо, аз 1‑уми сентябри соли 2021 сар карда, онҳо ба ташкилотҳои таълими томактабии давлатӣ ва мактабҳо бенавбат ҷойгир карда мешаванд. Ҳангоми таҳсил дар техникум, коллеҷ, литсейи академӣ ё ки муассисаи таълими олӣ ба онҳо дар ҳар соли хониш як маротиба барои хароҷоти хариди адабиёти таълимӣ, илмӣ ва бадеӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат субсидия ҷудо карда мешаванд.
Аз чунин эътибор шод гардидани бачагони ятиму бепарастор ва афзудани шавқи онҳо ба ҳаёт амали нек аст.

Муҳиба САЙФИДДИНОВА,
депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ