Сухани табрикии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба муносибати 30‑солагии ҷашни истиқлолияти давлатӣ

Ассалому алайкум, ҳамватанони қадрдон, иштирокдорони тадбири мутантан!
Инак, дар харитаи ҷаҳон ба сифати давлати соҳиб­истиқлол ҷой гирифтани Ӯзбекистони биҳиштосо 30 сол пур шуд.
Шумо инсонҳои азизро, ки дар ин анҷуман ҳозиред ва бо меҳнати шарафманд, ҳаёти фидокоронаи худ баҳри мустаҳкамсозии истиқлолият саҳми худро ҳамроҳ кардаед ва дар симои Шумо аҳолии сермиллати вилоятамонро бо ин айёми муборак самимона табрик мекунам.
Ин ид барои мову Шумо воқеан қадрнок аст. Дар замини он роҳи пуршарафе, ки дар раванди истиқлол тай кардаем, муҷассам мебошад. Волоқадртаринаш он аст, ки Ватани имрӯзаи ободро мо худамон бунёд кардем. Ҳазорон бор шукри толеи неки худ мекунем, ки моро офаридгор дастгирӣ кард!
Ба шукронагӣ, сабру қаноат, созандагӣ, фарохдилӣ, ташаббускорӣ барин арзишҳои нек, ки аз аҷдодонамон мерос мондааст, содиқ монда, то ба имрӯзи накӯ расидем. Дар ҳамин маврид, биёед, ба қаҳрамони ин солҳои пурмашаққат – халқи азизамон, таъзим карда, раҳмат бигӯем!
Ҳамватанони азиз!
Аз ин роҳи пуршараф ва пуршаъни сисола аз таҳти дил ифтихор созем, меарзад.
Мо халқ гардида, муттаҳид шудем, ба корвони калон табдил ёфтем. Дунё моро эътироф мекунад, дунё ба мо ҳавас менамояд, дунё ҷониби мо майл дорад. Чунки мо дар асоси андозаи ҷаҳонӣ кор карда, зистанро меомӯзем. Ченаки худро васеътар ва баландтар мегирем.
Мо ба созмондиҳӣ, ривоҷёбӣ ва навгонӣ кардан одат кардем. Аз ин сабаб, аз дастовардҳои дирӯзаи худ имрӯз диламон пур намешавад. Мо ҳавои рушду ривоҷёбӣ ва таҷрибаву маҳорати онро гирифтем. Ҳоло шуур ва тафаккури мардумамон низ марраҳои баланд, мақсадҳои амиқро ба пеш мегузоранд.
Барои исботи ин фикр баъзе натиҷаҳои ислоҳоти васеъ ва пуршиддате, ки тӯли 4–5 соли охир амалӣ гардиданд, ёдрас мекунам.
Дар давоми панҷ соли охир истеҳсолот дар соҳаи саноат ба 30 фоиз, саноати маҳаллӣ ба 41 фоиз, корҳои сохтмонӣ ба 62 фоиз ва ҳаҷми хидматрасониҳо ба 30 фоиз, инчунин, сармояҳое, ки ба капитали асосӣ ворид карда шудаанд, 2,4 баробар афзуданд.
Ба сифати самараи чораву тадбирҳои андешидашуда дар муддати сипаришуда сатҳи бо таълими томактабӣ фаро гирифтани бачагон аз 20 дарсад ҳоло ба 65,5 дарсад расонида шуд.
Адади мактабҳои ихтисосонидашуда за 16 ба 60 адад расид ва дар се соли охир 44 мактаб ва мактаб-­интернатҳои нави махсус ташкил гардид.
Ҳангоми зикри натиҷаҳои ноилгардида, ислоҳотҳои куллиеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ гардиданд, ногуфта наметавонем.
Дар мамлакат бобати ислоҳи соҳаи аграрӣ, татбиқи механизмҳои бозор ва технологияҳои замонавӣ дар он, чораву тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд ва дар натиҷа, дар ин соҳа сохтори «кластер» ҷорӣ гардид. Ҳоло пахта пурра ба кластер дода шуда, меҳнати маҷбурӣ барҳам ёфт.
Мӯҳтарам, иштирокдорони тадбир!
Вақте ки натиҷаҳои бадастомадаро мегӯем, марра ва зафарҳоямон бениҳоят бисёранд. Ман танҳо баъзе аз онҳоро гуфтаму халос.
Имрӯз Ӯзбекистон ба роҳи бузурги тараққиёт баромад. Инро ҷаҳон тан гирифт. Дар раванди пандемия низ ба туфайли дастгирии давлатамон фаъолияти корхонаҳои бузург ҳам боздошта нашуданд. Баръакс, ҷойҳои нави кориро таъсис доданд.
Масалан, дар муддати кӯтоҳи сипаришуда дар ноҳияи Ургут минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» фаъолияти худро сар карда, сипас дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоятамон бошад 88‑то минтақаи хурди саноатӣ ташкил гардиданд.
Адади субъектҳои хурди тиҷоратӣ қариб ба 40 ҳазор расид ва дар панҷ соли охир ба 29 ҳазор афзуда, 2,5 баробар зиёд карда шуд. Дар ин давр адади тадбиркорони тартиби якка ба 33 ҳазор расонида шуд. Агар дар муддати сипаришуда, бахусус, дар панҷ соли охир 478 хонаи бисёрошёнаи дорои 26414 хонадон ба истифода супорида шуда бошад, танҳо дар соли ҷорӣ 150 хонаи бисёрқабатаи дорои 7994 хонадон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар чор соли охир ҳаҷми содироти вилоят моҳ ба моҳ афзуд.
Тағйиротҳои дар таъминоти барқ ва бунёди роҳҳои навро худатон ҳам шоҳид ҳастед.
Биноҳои осмонбӯси мавзеи Қаросув, шаҳри нави замонавии назди канали қаиқронӣ, Мактаби президентӣ ва муассисаҳои таълими олиро бубинед, қиёфаи навшудаистодаи шаҳри Самарқандро бубинед!
Ҳамватанони азиз!
Вақте ки дар бораи моҳияти ҷашни истиқлол мегӯем, хулосаҳои пурмаъноро аз ҷавобҳои Сарвари давлат ба саволҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» таъкид кардан лозим аст. Президенти мӯҳтарамамон доир ба дарки моҳияти истиқлол, мазмуни ислоҳоти имрӯза таҳлил ва хулосаҳои оқилона доданд.
Бахусус, муштаракии мақсади истилоҳи «Ӯзбекистони нав» ва созмони пойдевори «Эҳёи сеюм»-ро бо забони одӣ фаҳмонданд.
Аз ҷумла, таъкид карданд, ки «Агар мо мазмуну моҳияти Стратегияи ҳаракатҳоро, ки панҷ сол пеш қабул шуда буд, мухтасар ифода намоем, дар ин ҳуҷҷати беназир мо дар назди худ вазифаҳои бузурги барпо намудани Ӯзбекистони нав ва гузоштани таҳкурсии Эҳёи сеюмро ҳамчун мақсади стратегӣ гузоштем».
Бояд тан гирифт, ки гоҳо мо барои дарки Ӯзбекистони нав, ки бунёд мекунем, фурсат намеёбем. Биёед, як одилона андешед: оё дар мо ягон соҳае мондаст, ки тағйироте, навгоние нашуда бошад?
Аҳолие, ки дирӯз бо муаммои маишӣ ва барои пешбурди рӯзгор ёрӣ мепурсиданд, имрӯз барои ба роҳ мондани бизнеси худ, кушодани корхонаи муштарак камар бастаанд.
Аз се як нафар фарзандамон имкони дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олиро соҳиб шуданд.
Пирамарду пиразанҳое, ки дар ин давра нишастаанд, бигӯянд. Нурониёне, ки дирӯзакак нафақаи худро аз пластик ба ҳисоби фоиз нақд мекарданд, имрӯз нафақаро бо пули нақд дар хона нишаста мегиранд. Ба нафақахӯроне, ки тавони меҳнатро доранд, барои кор кардан рухсат дода шуд. Ҳар як пиронсол ба зиёрати Ҳаҷ рафтанаш мумкин аст.
Модарон ва духтароне, ки дар ин давра нишастаанд, бигӯянд. Эътибор, эҳтиром ва имтиёзоте, ки ҳоло ба онҳо дода мешавад, оё пештар ҳам буд?
Мӯҳтарам, иштирокдорони тадбири мутантан!
Дар арафи ҷашни фархунда тибқи Фармони Президенти мамлакат 55 нафар инсонҳои фидокори самарқандӣ бо унвон, орден ва медалҳои бузурги давлатамон сарфароз гардиданд!
Инчунин, мувофиқи Фармони сарвари давлат аз 23‑юми августи соли ҷорӣ як гурӯҳ ҳамватанонамон, ки ба рушди ҳамаҷонибаи мамлакат, афзун гардондани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи бузург мегузоранду барои мустаҳкамсозии иқтисодиёти давлат ва баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ ибрату намуна мебошанд, дар таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ризоияти байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ, тарбияи насли солим ва баркамол дар рӯҳи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ фидокории алоҳида нишон додаанд, бо нишони хотиравии «Ўзбекистон Республикаси мустақиллигининг 30 йиллиги» мукофотонида шуданд.
Боиси эътироф аст, ки дар вилоятамон 3321 нафар ба ин мукофот муносиб дониста шуданд.
Ҳамаи самарқандиёнро, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва нишонҳои хотиравӣ сарфароз гардидаанд, аз номи тамоми аҳолии вилоят аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Дар ҳамин маврид, ба сифати тӯёна ба тӯйи 30‑солагӣ, дастоварди дзюдочии самарқандӣ Давлат Бобоновро, ки дар Бозиҳои олимпии рӯзҳои 23‑юми июл – 9‑уми август дар шаҳри Токиои Япония гузаронидашуда, аз рӯйи тоифаи вазни 90 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид, алоҳида таъкид кардан мехоҳам.
Инчунин, дирӯз дар Бозиҳои параолимпӣ, ки ҳоло дар шаҳри Токио мегузарад, духтари самарқандӣ Парвина Самандарова доир ба пара-дзюдо медали нуқраро ба даст оварда, шумораи медалҳои дар хазинаи кишварамон бадастовардашударо як адад зиёд кард.
Аз фурсат истифода намуда, бо зафарҳои бузург, ки дар соҳаи варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ ба даст омадаанд, Шумо самарқандиёни азизро самимона табрик мекунам!
Ҳамватанони азиз!
Моҳияти шукӯҳи байрами имрӯза дар он аст, ки давлати мо бо халқ машварат мекунад. Нақшаҳои мо бо машварати мардум қабул карда мешаванд. Пас, халқи Ӯзбекистон давлати худро худаш идора мекунад.
Чунин боварӣ ва қудрат ин корвони бузургро боз ҳам ба манзилҳои нурафшон хоҳад бурд! Ба ин шубҳае нест.
Дар корҳои бузурге, чун якҷоя бунёд кардани Ӯзбекистони нав, созмони пойдевори Эҳёи сеюм ба ҳамаи мо худи Офаридгор мададгор бошад!
Ба ҳамаи Шумо сиҳативу саломатӣ, ба корҳоятон зафарҳои нав, ба оилаҳоятон файзу барака орзумандам.
Ҷашни аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз муборак бошад!
Ба истиқлолиятамон, халқи фарохдиламон чашм нарасад!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ