«Аз фарзанди Самарқанд буданам ифтихор кардам…»

Як гурӯҳ ҳамватанони мо бо Фармони Президенти мамлкатамон Шавкат Мирзиёев аз санаи 24‑уми августи соли ҷорӣ «Дар бораи мукофотонидани як гурӯҳ кормандони соҳаҳои фан, таълим, тандурустӣ, варзиш, адабиёт, санъат ва воститаҳои ахбори оммавӣ ба муносибати 30‑солагии Истиқлолияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» сазовори ордену медал ва унвонҳои фахрӣ гардиданд. Дар байни онҳо ҷонишини директори Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд доир ба корҳои илмӣ Илҳом Халилович Ҳакимов низ мебошад. Ӯ соҳиби медали «Шӯҳрат» шуд.
Илҳом аз он замоне, ки худро медонаду мешиносад, дар иҳотаи музею иншоотҳои меъморию таърихии шаҳри Самарқанд аст. Ба қавле, дар оғӯши онҳо ба воя расид.
Агар ба тарҷимаи ҳолаш рӯ орем, Илҳом Ҳакимов соли 1982 дар маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби умумии рақами 19 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд хонд. Баъдтар соҳиби маълумоти дуввуми ҳукуқуқшиносӣ гардид. Фаъолияти меҳнатиашро соли 2004 аз вазифаи экскурсоводи маҷмӯаи ёдгориҳои Бибихонум, ки дар тасарруфи Музей-манӯъгоҳи давлатии Смаарақанд аст, сар кард. Эътирофномаи аввалин – ифтихорномаи Садорати маданияти вилоятро барои хуб ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ, инчунин зиёд гардондани шумораи зиёратгарони маҷмӯаи ёдгориҳои Бибихонум ба даст овард.
Баъд дар ҳамин соҳа зина ба зина боло рафт. Бо таълифи мақолаҳои пурдолу зарби «Садоҳои Самарқанд», «Таронаҳои Шарқ», «Санъати даври Амир Темур», «Мақбараи Бибихонум» ва ғайра худро муаррифӣ сохта, ба эътирофи баландтаре сарафроз гардид. Ба туфайли меҳнатдӯстӣ, ташаббускорӣ, ҷустуҷӯйи навигариҳои соҳаи фаъолият, иштиёқи донишомӯзиву такмили маҳорат, ба ҳамкасбон роҳи дуруст нишон додан ва қобилияти ташкилотчигӣ дар байни ҷамоа обрӯву нуфуз пайдо кард. Бо таҳияи экспозитсияҳои нав дар Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд сазовори эътирофи муарриху музейшиносон гардид.
Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи ӯ бо музейҳои давлатҳои хориҷа, аз ҷумла бо роҳбарони музейҳои калонтарини Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мемориандумҳои ҳамкорӣ имзо карда шуданд. Аз соли 2019 дар музей ва маҷмӯаи обидаҳои таърихии Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд дар асоси платформаи NazzAR лоиҳаи «Smart-музей» татбиқ ва ба се забон бештар аз 300 буклет ва флейҳо тайёр карда шуданд. Дар таҳияи шартнома дар ин самт оиди ивази таҷриба ва инкишофи сайёҳӣ бо давлатҳои Туркия, Хитой, Миср ва Туркманистон ҳиссагузорӣ кард.
Илҳом Ҳакимов ҳамеша серкору серташвиш аст. Ба зиммаи ӯ як олам вазифа гузошта шудааст. Ташаббусҳои худаш ҳам кам нестанд. Бар замми ҳамаи инҳо боз ба корҳои илмии ходимони музей роҳбарӣ мекунад.
Ходимони илмии музей Шамсиддин Рустамов, Маҳмудхон Юнусов, Марҳабо Эрзаева, Гулмаҳмад Аҳмадов, Муҳаммад Холматов, Санҷар Абдураҳимов ва дигарон дар мавзӯъҳои гуногуни соҳаи музейшиносиву таҳқиқоти ёдгориҳои меъморӣ корҳои илмӣ мебаранд.
Чанд сол пеш дар ноҳияи Қӯшработ Хона-музейи Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли кушода шуд. Хона-музейи ҳофиз ва бастакори машҳур Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба кор сар кард. Бо шарофати Президенти мамлкатамон ва ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов рӯзҳои наздик Хона-музейи маорифпарвари машҳури самарқандӣ Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ кушода мешавад. Акнун боз бо қарори Перезиденти мамлакатамон дар ҳар ноҳия музейҳои кишваршиносӣ дарҳои худро ба рӯйи тамошобинон боз мекунанд.
Натиҷаи ҳамин гуна кору ҷонбозиҳо бор овард ва ӯ ба гирифтани медал мушарраф гардид.
– Ин мукофот бароям ғайриинтизор буд, – гуфт ҳангоми сӯҳбат ҷонишини директори Музей-манӯъгоҳи давлатии Самарқанд Илҳом Ҳакимов.  – Шояд ба ин эътироф ба шарафи дуои модари меҳрубонам Зебо Маҳмудова муяссар гардидам ва барои аз фарзанди Самарқанд буданам ифтихор кардам. Рости гап, модарам сазовори ин хел медалу орденҳо ҳастанд. Он кас 48 сол роҳбари маҷмӯаи ёдгориҳои Бибихонум буданд. Дар ин шояд саҳми модарам ҳам ҳаст. Хайр, ба ман насиб карда будааст, ҳазорон шукр. Дар асл ин медал медали як худи ман не, балки медали тамоми ходимони музейамон, аз сардорамон Самариддин Мустафоқулов сар карда, то фаррошон Кубаро Хӯҷаназароваю Азиза Каримова ва посбонамон Ӯралака Исломов мебошад. Баъди гирифтани медал ният кардам, ки бо хориҷа ҳамкориҳоро вусъат дода, минбаъд шумораи сайёҳонро зиёдтар гардонам ва шаҳри азизамон – Самарқанди бостонӣ боз ҳам маъруфтару машҳуртар шавад.

М.ҶУМЪАЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ