Ӯзбекистон ба арзиши 33 милион доллар ангур экспорт кард


Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ тақрибан 35 ҳазор тонна ангурро ба арзиши 33,7 миллион доллар ба кишварҳои хориҷӣ экспорт карданд. Дар ин бора кумитаи давлатии статистика хабар дод.
Гуфта мешавад, ки содироти ангур дар муқоиса бо ҳамин даври соли гузашта 7,4 ҳазор тонна коҳиш ёфт.
Дар 7 моҳи сол Ӯзбекистон ба ин кишварҳо ангур фурӯхт:
Россия – 8,6 ҳазор тонна;
Қозоғистон – 7,7 ҳазор тонна;
Хитой – 4,9 ҳазор тонна;
Қирғиз Р. – 3,0 ҳазор тонна;
Туркия – 2,1 ҳазор тонна.
Бояд гуфт, Самарқанд дар миёни минтақаҳои кишвар аз ҷиҳати содироти ангур вилояти якум мебошад.
Вилоятҳои асосии содиркунандаи ангур:
Самарқанд вилояти – 12,1 ҳазор тонна;
Фарғона вилояти – 7,7 ҳазор тонна;
Тошкент вилояти – 3,6 ҳазор тонна;
Наманган вилояти – 2,1 ҳазор тонна.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ