Омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ босуръат идома дорад

24‑уми октябри соли 2021 дар мамлакатамон интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба амал меояд. Корҳои ташкил ва баргузории ин чорабинӣ, ки дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии мардуми мо нақши муҳим дорад, босуръат идома дорад.
Аз ҷумла, дар муддати кӯтоҳе, ки Комиссияи марказии интихобот аз оғози маъракаи интихоботӣ хабар дод, пеш аз ҳама, намояндагони ваколатдори панҷ ҳизби сиёсӣ, ки дар майдони сиёсии кишварамон фаъолият пеш мебаранд, ба қайд гирифта шуда, ба онҳо мандатҳо супурда шуданд. Ба ҳизбҳои сиёсӣ барои иштирок намудан дар интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон иҷозат дода шуда, ба намояндагони ваколатдори онҳо гувоҳномаҳои қайд ва бланкаҳои варақаҳои имзо супурда шуданд.
Рӯйхати ҳизбҳои дар интихобот ширкатдошта дар матбуоти марказӣ бо тартиби навбати қабули аризаҳо эълон гардид. Дар айни ҳол аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳудудҳои мамлакатамон, дар ҷойи кор, хидмат, таҳсил, зисти шаҳрвандон ҷараёни ҷамъ овардани имзои интихобкунандагоне, ки номзадҳои ояндаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунанд, идома доранд.
Дуввум, дар ҳудуди сарҳадҳои Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бинобар гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон 14 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шуд. Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ бо нишон додани сарҳад, шумораи интихобкунандагон ва ҷойи комиссияи ҳавзаи интихоботӣ дар матбуот эълон гардид.
Таркиби шахсӣ иборат аз 266 нафар аъзои 14 комиссияи ҳавзаи интихоботӣ оид ба баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ шуд. Барои онҳо мувофиқи «Консепсияи ташкил кардани такмили ихтисоси аъзои комиссияҳои интихоботӣ», ки Комиссияи марказии интихоботӣ тасдиқ намудааст, дар асоси барномаи хониш ва маводҳои хонишиву услубии аз ҷониби корбастҳои иборат аз профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд таҳияшуда коршиносони ботаҷриба семинар-­тренинги дурӯза гузаронида шуд.
Машғулотҳои хонишӣ мавзӯъҳоро аз қабили асос­ҳои конститутсиявию ҳуқуқии интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ташкил кардани фаъолияти комиссияҳои ҳавзаи интихоботӣ, ваколату вазифаҳои комиссияҳои интихобот, муҷаҳҳаз гардондани бино ва хонаҳои овоздиҳии комиссияҳои интихоботии ҳавзаву қитъа, кор бо рӯйхати интихобкунандагон фаро гирифтаанд.
Дар охири тренинг Комиссияи марказии интихобот ба 266 нафар аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро мегузаронанд, шаҳодатнома, мӯҳри комиссияҳои участкавии интихобот ва маҳсулоти канселярӣ супурд.
Сеюм, Фаъолияти маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот бо мақсади васеъ хабардор намудани ҷомеаи маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла интихобкунандагон дар бораи корҳое, ки комиссияҳои интихоботӣ ва дигар ташкилкунандагон анҷом медиҳанд, ба роҳ монда, сомонаи нави «saylov.uz», веб-портали «saylov‑2021», замимаи мобилии «saylov‑2021», барномаи иттилоотӣ-­таҳлилии «Интихобот-2021» ба кор дароварда шуд.
757 нафар журналистоне, ки дар Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронии Ӯзбекис­тон, агентиҳои ахбори ӮзРепорт, «Zo’rTV», «Дунё», нашрҳои интернетии «Bugun.uz», «Nova24.uz», «Kun.uz», рӯзномаҳои «Халқ сӯзи» ва «Народное слово» барин зиёда аз 50 васоити ахбори оммаи маҳаллӣ фаъолият нишон медиҳанд, инчунин 48 нафар журналистон, ки дар ВАО-и Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Русия, Чин, Эрон ва Озарбойҷон барин давлатҳои хориҷӣ кор мекунанд, номнавис карда шуда, гувоҳномаҳо тақдим гардиданд. Аккредитатсияи намояндагони ВАО идома дорад.
Чорум, ба 21 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Ассамблеяи парлумонии САҲА ва Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, СҲИ, Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркизабон, Ассотсиатсияи ҷаҳонии мақомоти интихоботӣ, 28 мақомоти интихоботии мамлакати хориҷӣ ва 225 нозири байналмилалӣ аз 48 кишвар даъватнома фиристода шуданд.
Панҷум, мувофиқи «Консепсияи омӯзиши аъзои комиссияҳои интихоботӣ», ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот тасдиқ шудааст, марҳилаи чоруми семинарҳои интерактивӣ барои номзадҳо ба раисӣ, муовини раис ва котиби комиссияҳои участкавии интихобот дар вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои мамлакат босуръат давом дорад.
Дар марҳилаи аввали семинарҳои омӯзишӣ ба иштирокчиён оид ба дувоздаҳ масъалаи мубрами қонунгузории миллии интихобот ва стандартҳои байналмилалии интихобот дониши назариявӣ дода шуд. Дар марҳилаи дуюм малакаҳои амалӣ дар баробари дониши назариявӣ ташаккул ёфтанд. Марҳилаи сеюм дар шакли «саволу ҷавоби рӯ ба рӯи мураббӣ-­шунаванда» гузаронида шуда, дониши назариявӣ ва малакаҳои амалии дар марҳилаҳои якум ва дуюм ҳосилшуда мустаҳкам карда шуданд.
Дар марҳилаи чоруми навбатӣ шаш мавзӯи муҳимтарини марбут ба коре, ки бевосита аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот анҷом дода мешавад, интихоб карда шуда, видеоҳо оид ба ин мавзӯъҳо омода карда шуданд. Дар машғулотҳои ин марҳила дар участкаҳои интихоботие, ки донишҳои назариявии азхудкардаашонро ба шакли намунавӣ ташкил кардаанд, ба тамошои видеороликҳо оиди корҳое, ки бояд комиссияи қитъаи интихоботӣ иҷро намояд, эътибори алоҳида дода мешавад.
Шашум, дар ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихобот, ки 20-уми август баргузор гардид, Низом «Дар бораи тартиби хидматрасонии интерактивӣ оид ба муайян ва иваз кардани участкаи интихобот», ки ба мақсади дар баробари масъалаҳои дигар қулайиҳои зиёд фароҳам овардан ба интихобкунандагон таҳия шудааст, тасдиқ шуд.
Мувофиқи низом, аз хидмати интерфаъол метавонанд, шаҳрвандони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки соҳиби манзили зисти доимӣ ё муваққатӣ мебошанд, то рӯзи интихобот ё рӯзи интихобот ба синни ҳаждаҳ пур шудаанд, истифода баранд.
Интихобкунанда барои ба тарзи электронӣ ҷиҳати муайян кардани қитъаи интихоботӣ истифода бурдан аз хидмати электронӣ дар портали ягонаи хидматҳои давлатии интерактивии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз рӯйхат гузашта, хидмати муайянкунии қитъаи интихоботиро интихоб мекунад. Ба он серия ва рақами шиносномаи биометрӣ ё ки ID-картаи идентификатсионӣ, ҳамчунин санаи таваллудро ворид мекунад. Сипас, маълумоти мазкури интихобкунанда бо маълумоти рӯйхати ягонаи электронии овоздиҳандагон, ки дар низоми иттилоотии идоракунии раванди интихобот ташаккул ёфтааст, ба таври худкор тасдиқ карда мешавад. Агар маълумот мувофиқ ояд, ба интихобкунанда дар бораи участкаи интихобот маълумот дода мешавад.
Интихобкунанда ҳангоми маълумотҳо дар бораи қитъаи интихоботии рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон бо манзили доимӣ ва муваққатии зисти ӯ мувофиқ набошад, метавонад қитъаи интихоботиро тағйир диҳад. Тағйир додани қитъаи интихобот метавонад аз шаст рӯз то панҷ рӯз пеш аз интихобот сурат гирад. Истифодаи хидмати интерактивӣ барои иваз кардани қитъаи интихобот бо пешниҳоди маълумоти ба шахси дигар тааллуқдошта манъ аст. Расондани хидмати интерфаъол оид ба тағйир додани қитъаи интихоботӣ тавассути веб-сомонаи расмии Комиссияи марказии интихоботӣ бо ёрии ҳавола намудан ба портали хидматҳои ягонаи интерактивии давлатӣ сурат мегирад.
Бе розигии интихобкунанда тағйир додани қитъаи интихоботии бо ёрии хидмати интерактивӣ тағйирдодашуда ва ислоҳ ворид намудан ба рӯйхати интихобкунандагон мумкин нест. Барои хидмати интерактивӣ ҳеҷ гуна пардохт ситонида намешавад.
Интихобкунандагон, ки мехоҳанд аз ин хидмат истифода баранд, метавонанд тавассути қарори Комиссияи марказии интихобот аз 20-уми августи соли 2021 № -1101, ки дар сайти «saylov.uz» ҷойгир карда шудааст, бо тартиби истифодаи хидмат муфассал шинос шаванд.
Хулоса, аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ ва ташкилотчиёни дигари ҷараёни интихобот корҳои дар савияи баланд ташкил кардани интихоботи Президент, аз ҳуқуқҳои конститутсиониашон озодона истифода бурдани интихобкунандагон ва васеъ гардондани имкониятҳои ахборгирӣ, ба ҷараёни интихобот самарабахш ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии ахбор ва хидматҳои интерфаъоли давлатӣ давом доранд.
Хабардор будани шаҳрвандон аз корҳои омодагӣ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ва доираи васеи имкониятҳо барои интихобкунандагон, иштироки фаъолона дар овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот, истифода бурдан аз ҳуқуқҳои конститутсиониашон ба бардавом шудани ислоҳоти башардӯстона дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ хидмат мекунад.

Худоёр МАМАТОВ,
раҳбари котиботи Комиссияи марказии интихоботӣ, профессор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ