Занги аввал: рӯзе, ки кӯдакон интизор буданд

Кормандони тиббӣ ҳарорати донишомӯзонро пеш аз дохил шудан ба синфхонаҳо санҷиданд ва дастҳояшонро «дезинфексия» карданд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ва сарвари Садорати таълими халқи вилоят Зебинисо Шодиева дар маросими «Рӯзи дониш» дар мактаби рақами 8‑и шаҳр иштирок ва хонандагонро ба муносибати оғози соли таҳсил ва истиқлоли кишвар табрик карданд.
Э. Турдимов хонандагонро ба донишомӯзии пухта даъват кард, то дар оянда фарзандони муносиб ва саҳмгузор ба рушди Ватан гарданд.
Бар асоси қоидаҳои карантинӣ, хонандагон пеш аз ворид шудан ба синфхона бо ниқоби нави тиббӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин, ҳарорати бадани онҳо санҷида мешавад. Агар кӯдаке таб дошта бошад, ӯро дар хонаи алоҳида ҷойгир мекунанд ва ба ӯ ёрии тиббӣ медиҳанд.
***
Салоҳиддин ИБРОҲИМОВ
Дар мактаби таълими умумии рақами 122‑и маҳаллаи Торинҷаки ноҳияи Ургут низ соли нави таҳсил ботантана оғоз шуд.
Дар тадбири рӯзи аввал намояндагони маҳалла ва корҳои дохилӣ, падару модарон, устодону хонандагон иштирок карданд.
Мудири мактаб Ш. Эсанов ҷашни истиқлол ва оғози соли таҳсилро ба ҳозирон муборакбод гуфт.
Баъди шеъру сурудхонии донишомӯзон хонандаи синфи якум занги аввалро зад. Омӯзгорон нахустин дарси сол – «Дарси истиқлол»-ро гузаштанд.
***
Толиб ЮНУСЗОДА
Дарси якум бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти мамлакатамон зери шиори «Дар Ӯзбекистони нав озодона ва фаровон зиндагӣ кунем!» гузаронида шуд.
Дар мактаби умумии махсуси давлатии рақами 21‑и ноҳияи Самарқанд низ рӯзи аввалини таҳсилро бошукӯҳ гузаронданд.
Корманди таълими халқии вилоят Фарух Болтаев, раиси маҳаллаи Оқмасҷид Илҳом Мирзоев ва нозири маҳалла Ҷаҳонгир Муқумов омӯзгорону донишомӯзонро бо оғози соли нави таҳсил табрик карданд. Ҳамчунин, ба 136 нафар хонандаи синфи якум тӯҳфаҳои Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон супорида шуд.
***
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
Дар мактаби таълими умумии махсуси давлатии рақами 38‑и ноҳияи Самарқанд низ тадбирҳои «Занги аввалин» бо савия баланд ва риояи қатъии қоидаҳои карантинӣ сурат гирифт. Дар он муаллимон, хонандагон, падару модарон ва фаъолони мактаб иштирок намуданд.
Директори мактаб Истода Ҳошимова дар оғоз ҳозиронро ба муносибати саршавии таҳсил ва 30-солагии Истиқлоли ватанамон табрик гуфт.
Хонандагон дар идомаи тадбир шеъру сурудхонӣ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ