Чаро садамаҳои нақлиётӣ зиёд рӯй медиҳанд?

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Самарқанд ҳодисаи мудҳиши вобаста ба сари чамбараки мошин нишастани наврас ва аз кӯча давида гузаштани бачаи дигар рӯй дод. Дар натиҷа, кӯдак бармаҳал чашм пӯшид…
Бино ба маълумоти хизмати матбуоти Сарсадорати хизмати бехатарии ҳаракати роҳ дар 4 моҳи соли 2021 дар мамлакат 2242 ҳолати ҳодисаи роҳу нақлиёт рух додааст. Дар натиҷаи садамаҳо 557 нафар ҳалок шуда, 1684 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Бино ба таҳлилҳо танҳо дар моҳи апрел бо иштироки пиёдаҳо 318 садама, 148 ҳодисаи нохуши вобаста бо бачаҳо рӯй додааст.
Бояд гуфт, ки сабаби асосии садамаҳо беэътиборӣ мебошад. Баъзе ронандагон дар кӯчаҳои дохилии торик ҳам мошинашонро босуръат меронанд. Дар натиҷа, садамаҳо рӯй дода, одамон осеб мебинанд.
Одамоне, ки барои мошинронии писари ноболиғашон роҳ медиҳанд, магар оқибати ин амалро фикр намекунанд. Охир, бачаи ба синни 18 нарасида зоҳиран одами калон барин намояд ҳам, дар асл ҳоло бача аст. Ӯ, ки дар ронандагӣ таҷриба надорад, ба хато роҳ дода, сабаби ногирошавӣ ё марги бармаҳали як инсон мешавад. Шояд ӯ аз ин кирдукораш як умр маънан азият кашад. Баъзе ронандаҳо дар назди мактабҳо ва кӯдакистонҳо низ мошинро тез меронанд. Охир аз беэътиборӣ бо як миҷҷа задан мумкин садама рӯй диҳад ва одам ба як умр ногиро шавад.
Падару модарон, омӯзгорон ба хонандагон аз рӯйи риоя ба қоидаҳои ҳаракати роҳ даҳҳо маротиба сабақ диҳанд ҳам, бачаҳо боз «бачагӣ» карда, дар роҳи автомобилгард бозӣ мекунанд. Аз шавқи бозӣ метозанд. Қоидаҳоро аз хотир мебароранд ва ба кӯчаҳо давида мебароянду нохушиҳо рӯй медиҳанд.
Дар шаҳри Самарқанд мутасаддиён ба баъзе ҳолатҳо эътибор намедиҳанд. Дар назди сечароғҳо ниҳоли тут ё дигарро мешинонанд. Шохҳои дарахт зуд қад боло мекунанд ва на дар ҳама ҷой онҳоро тез-тез мебурранд. Дар натиҷа, ронандаҳо сечароғро надида, дар чароғи сурх мегузаранд ва ин боиси садама мегардад.
Чанд моҳ пеш, қабл аз ташрифи раисҷумҳури мамлакат кормандони таъмири роҳ дар ҷойҳои гузашти кӯчаҳои марказии шаҳр «зебраҳо» кашида буданд. Ҳоло рангҳои онҳо парида рафтанду ҳеҷ не мутасаддиён аз нав ранг диҳанд.
Боз як ҳолате, ки одамонро, бахусус, ронандагонро асабонӣ мекунанд, ин бо қум, шағал барин ашёи сохтмон банд кардани роҳу кӯчаҳо мебошад. Одамони беэътибор назди дарвозахонаашон, ки дар сари кӯчаҳои калон воқеъанд, моҳҳо қуму шағал мерезанд, ки ба ҳаракати нақлиёту пиёдаҳо халал мерасонад. Фаъолони маҳалла ва аҳли ҷамоатчигӣ бо ин қабил одамон кор баранд, хуб мешуд. Тасаввур кунед, кӯчаи танге, ки роҳрави аниқ надорад, бо ашёи сохтмон банд аст. Ҳар яки мо – ҳам ронандаю ҳам пиёдагардҳо бояд ба қоидаҳои ҳаракати роҳ қатъӣ риоя кунем. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем шумораи садамаҳоро кам намоем.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ