Ҷопон мехоҳад мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии зимистонаи соли 2030 бошад

Президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 Сейко Ҳашимото умедвор аст, ки талоши Саппоро барои мизбонии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии зимистонаи соли 2030 метавонад воқеият шавад, зеро Ҷопон мехоҳад дар «ояндаи хеле наздик» бозиҳои дигарро баргузор кунад.
Оташи Бозиҳои паралимпии Токио дар маросими пӯшидашавӣ 5 сентябр хомӯш карда шуд ва ба сафари тӯлонии Токио барои мизбонии Олимпиада ва Паралимпиада хотима бахшид.
Токио аввалин шаҳре буд, ки бори дуюм Бозиҳои паралимпиро баргузор кард. Ин шаҳр соли 1964 мизбони Паралимпиада буд.
Ҷопон метавонад пас аз нуҳ сол боз бозиҳоро баргузор кунад ва Саппоро як рақиби қавӣ барои мизбонии Олимпиада ва Паралимпиадаи зимистонаи 2030 ҳисобида мешавад.
Ҳашимото гуфт, ӯ дидан мехоҳад, ки Ҷопон мизбони ду рӯйдоди бузурги варзишии ҷаҳон шавад, зеро ӯ ваъдаи пуштибонии потенсиали эҳтимолии Саппороро додааст.
«Мо бо Саппоро барои номзадӣ ба Бозиҳои зимистона тасмим гирифтем, — гуфт Ҳашимото. — Умедворам, ки ин воқеият хоҳад шуд».
Саппоро пеш аз пандемия пешсафи сабқат барои Олимпиадаи зимистонаи 2030 ҳисобида мешуд. Шаҳр аз Кумитаи олимпии Ҷопон барои ин мақсад моҳи январи соли гузашта розигӣ гирифт. Ҳайати намояндагони Ҷопон бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах мулоқот карда, дархости Саппороро баррасӣ карданд. Онҳо баъдтар бо Комиссияи мизбони Бозиҳои олимпии зимистонаи ояндаи КБО вохӯрданд, ки маконҳои эҳтимолии бозиҳоро муайян ва тавсия мекунад.
Саппоро дар баробари Солт Лейк ва Барселона яке аз се шаҳрест, ки ҳавасмандии худро ба баргузории Олимпиадаи зимистонаи оянда тасдиқ кардааст. Он соли 1972 Бозиҳои олимпии зимистонаро қабул карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ