Дар шаҳри Душанбе дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ баргузор мешавад

12 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонони 13 кишвар дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ — гуштингирӣ баргузор мешавад. Дар бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ дар дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат мекунанд.
Рақобатҳо дар 5 вазн: 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва дар як вазн: 65кг миёни бонувон ҷараён мегирад. Ғолибони ҳар 6 вазнро шоҳҷоиза — автомобил интизор аст. Ҳамчунин, барандагони медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор доллари ШМА ва барандагони ҷои сеюм соҳиби 1,5 ҳазор доллари ИМА мешаванд.
Ҳамчунин, бори аввал ғолиб дар ҳайати даставӣ низ интихоб гардида, бо ҳазор доллари ИМА сарфароз мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ