Дар Ҳиндустон вируси марговари Nipax пайдо шудааст

Ба гуфтаи вазири тандурустии музофот Вина Ҷорҷ, нишонаҳои вируси марговар дар 11 нафар дар иёлати Кералаи Ҳиндустон якбора ошкор шудааст. Кӯдаки 12-солаи гирифтори вируси нипакс дар Керала вафот кард.
Пас аз ин ҳодиса, табибони давлатӣ ба муоинаи одамоне, ки бо кӯдак тамос доштанд, шурӯъ карданд. Ҳоло дар Коллеҷи тиббии Кожикоде ва беморхона 38 нафар дар карантин қарор доранд.
Маълум аст, ки вируси Nipax тавассути кӯршапаракҳо паҳн мешавад. Вирус ба одамоне мегузарад, ки меваҳоеро истеъмол мекунанд, ки оби даҳони ҷонварон ба онҳо расидааст.
Вируси Nipax аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамчун яке аз хатарноктарин вирусҳо эътироф шудааст. Он аз одамон ба ҳайвонот, инчунин аз шахси бемор ба дигарон мегузарад.
Доруворӣ ё ваксинаи зидди он вуҷуд надорад ва сатҳи фавт аз ин беморӣ, ки тавассути вирус ба вуҷуд омадааст, дар ҳудуди 40-75% аст.
Қаблан ҳукумати Ҳиндустон аз чор хуруҷи ин беморӣ хабар дода буд. Онҳо дар ду иёлати Ҳиндустон солҳои 2001, 2007, 2018 ва 2019 мушоҳида шуда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ