Хатарноктарин нишонаи коронавирус маълум шуд

Мутахассисони Роспотребнадзор мегӯянд, нафастангӣ дар заминаи бемории роҳи нафас нишондиҳандаи даҳшатноки сирояти коронавирус аст, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба гуфти Наталя Пшеничная, муовини директор оид ба корҳои клиникӣ ва таҳлилии Институти марказии тадқиқотии эпидемиологияи Роспотребнадзор, дар сурати пайдо шудани чунин зуҳурот, фавран ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.

  • Аломати шадидтарин ин пайдоиши нафастангӣ аст. Дар ин ҳолат бояд фавран ба духтур муроҷиат кард, — таъкид кардааст эпидемиолог.
    Инчунин, ба андешаи ӯ, табибон дар вақтҳои охир ягон нишонаҳои нави коронавирусро муайян накардаанд, ҳамаи онҳо соли гузашта тавсиф шуда буданд.
    Дар ҳамин ҳол, Денис Протсенко, сардухтури беморхонаи рақами 40 -и Маскав дар Коммунарка, мавҷи нави коронавирусро дар Русия пешгӯӣ кард.
    Ба гуфти ӯ, хуруҷи дигари ин беморӣ метавонад дар авохири моҳи сентябр ё аввали октябр оғоз шавад.
    Коронавирус дар шаҳри Ухани Чин дар охири соли 2019 буруз кард. Олимон дарёфтанд, ки штамми қаблан номаълум 2019-nCoV ангезандаи сироят будааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ