Барномаи «Маҳаллаи обод» – дар амал: ояндаи дурахшони мактаб ва хонандагон

Бо сарварии роҳбари давлатамон дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол бар асоси Барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» маҳаллаҳо обод мешаванд.
Соли ҷорӣ яке аз деҳаҳои хушманзари ноҳияи Самарқанд – Оҳалик низ ба Барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» дохил шуд. Ҳоло дар деҳа баробари мумфарш кардани роҳи деҳаи Оҳалик, мас­канҳои таълиму тарбияро аз нав бунёд карда истодаанд. Бо роҳбарии ҳокими ноҳияи Самарқанд роҳбари сектори 1 Носирҷон Мавлонов ва бо таклифи мудири шӯъбаи таълими халқии ноҳия Баҳриддин Мардонов дар мактаби миёнаи рақами 18, ки дар маркази ин деҳа ҷойгир аст, корҳои сохтмонӣ оғоз гардид.
Якчанд сол муқаддам бо сабаби кӯҳна ва ба талабот ҷавоб надодан, як қисми бинои мактаб вайрон карда шуда буд. Ҳоло он бино аз нав таъмир мешавад.
Барои сохтмони бинои мактаб 2 млрд. сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Сохтмон аз 1‑уми июли соли ҷорӣ оғоз гардид. Ҳоло давом дорад ва аз рӯи нақшаи корӣ бояд 1‑уми октябри соли равон, яъне дар арафаи Рӯзи муаллим ва мураббиён ба истифода супорида шавад.
Бинои нави дуқабатаро ҶММ «Алишер қурилиш» бо сардории Отабек Ҳалимов бунёд мекунад. Дар дохили ин бино 10‑то синфхонаи фаннӣ, 2‑то синф­хонае, ки бо компутерҳои замонавӣ таъминанд, як китобхонаи намунавӣ, ошхона ҷойгир хоҳанд шуд. Синфхонаҳо барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Дар мактаби миёнаи рақами 18 ҷамъ 480‑нафар хонанда таҳсил мегирад ва баҳри таълими онҳо 48 нафар муаллим ва педагогҳо фаъолият нишон медиҳанд.
Барои падару модарон ғайр аз хушиву хурсандӣ, иқбол ва камоли фарзандони худро дидан дигар бахте нест. Хабари сохта шудани мактаби нав барои роҳбарият, мактаб ва аҳли деҳаи мо ва падару модарони хонандагон бисёр хурсандӣ овард. Онҳо боварие ҳосил карданд, ки ояндаи фарзандашон дурахшон аст ва баҳри рушди Ватани маҳбуб саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт!

Фарсимо ФАРИДУНЗОДА,
омӯзгори мактаб, донишҷӯи ДДС

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ