Намояндаи доимии Русия дар СММ: Толибон ҳанӯз ҳукумати қонунии Афғонистон нестанд

Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ таъкид доштааст, ки гурӯҳи Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ғасб карданд, ҳанӯз ҳукумати қонунӣ нестад.

  • Ин гурӯҳ то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст. Толибон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳанӯз ҳукумати қонунии Афғонистон нестанд, — посух дод Небензя ба суоли хабарнигорон, ки оё намояндаи Толибон дар СММ ҳузур хоҳад дошт ё на.
    Дипломати рус ёдовар шуд, ки Русия назорат мекунад, ки Толибон чӣ гуна кишварро идора мекунанд ва ваъдаҳои худро чигуна иҷро мекунанд.
    Ба гуфтаи ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аз Толибон назорат хоҳад кард, ки то куҷо онҳо ӯҳдадориҳояшонро иҷро мекунанд. Онҳо ваъда додаанд, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва аз ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон ҳимоят хоҳанд кард.
  • Мебинем. Ҳоло баҳо додан барвақт аст, — хулоса кард намояндаи доимии Русия дар СММ.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ