Маблағи барои интихобот пешбинишуда: он барои чиҳо сарф мешавад?

Комиссияи марказии интихобот сметаи хароҷоти интихоботи Президентро, ки 24‑уми октябри соли равон гузаронида мешавад, ба миқдори 300 млрд. сӯм тасдиқ намуд. Мутобиқи он, барои ташвиқот ва тарғиботи ҳизбҳои сиёсӣ 15 миллиарду 486 миллион сӯм ҷудо гардида, ба ҳар як номзад 3 миллиарду 97 миллион сӯмӣ хароҷот рост меояд. Ғайр аз ин, дар ҷараёни интихобот барои мубориза бар зидди коронавирус сарф кардани 11,5 миллиард сӯм низ ба нақша гирифта шудааст.
Ин миқдор кам аст, ё зиёд? Маб­лағҳои дар мамлакатамон барои босифат ва шаффоф гузаронидани ҷараёни интихобот ҷудошударо бо дигар давлатҳо муқоиса кардан мумкин. Ба маълумотҳои кушодаи шабакаҳои интернет такя намоем, дар соли 2020 дар ИМА кампанияи интихоботи гузаронидашуда нисбат ба пешинаҳояш ба миқдори хеле кам, яъне ба 14 миллиард доллар афтодааст. Ба интихоботи президентии соли 2018 дар Федератсияи Россия баргузоршуда аз буҷети давлат бештар аз 300 миллион доллар пул ҷудо шудааст. Дар ҳамсояи паҳлӯямон Қазоқистон дар ҳамин гуна интихобот, ки соли 2019 баргузор шуда, 9,4 миллиард тенга (яъне, атрофи 23 миллион доллар) маблағ сарф шуда буд. Албатта, мувофиқи шумораи интихобкунандагон ва нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-­иқтисодии давлатҳо, гуногун будани миқдор табиист.
Дар Ӯзбекистон бошад маблағи ҷудошуда тахминан 28 миллион долларро ташкил медиҳад ва барои 33 миллион нафар аҳолии давлатамон ҳолати меъёрӣ мебошад. Маблағҳои ҷудогардидаи мазкур, албатта, барои манфиатҳои шахсӣ истифода намешаванд. Ин миқдор барои садҳо масъалаҳои бо интихобот вобаста масраф мешаванд. Аз ҷумла, барои ҷараёнҳои омодагӣ ба интихобот, музди меҳнат ва таъминоти ҳазорон шаҳрвандони ба он ҷалбгардида, хизматчиён дар шакли маош пардохта мешавад. Бештар аз 80 дарсади маблағҳои ба комиссияҳои интихоботии округ ва участкаҳо ҷудогардида барои музди меҳнати аъзои комиссия, компенсатсия ва пардохтҳои ягонаи иҷтимоӣ сарф мешавад. Дар дохили ин иқтисодиёт ба воситаи афзунсозии талабот ба маҳсулот ва хизматҳо онро бояд ба ҳаракат овард.
Ғайр аз ин, мутобиқи интихоботи Президент 14‑то комиссияи ҳавзаи интихоботӣ ва қариб 10800‑то комиссияи қитъаи интихоботӣ ташкил карда, дар ҳар кадоми он, асосан чунин хароҷотҳо сарф карда мешаванд:
• музди меҳнати тамоми аъзоёни комиссия;
• пардохтҳои ягонаи иҷтимоӣ;
• хароҷоти сафари хидматӣ ва хид­мати фелдъегерӣ;
• хароҷоти нақлиёт барои ташкилнамоии ба участкаҳои интихобот бурда расонидани бюллетенҳо ва таклифномаҳои интихобот;
• алоқаи телефони байнишаҳрӣ;
• хароҷоти тайёр намудани пешлавҳа ва стендҳои ахбор барои комиссияҳои интихоботӣ;
• маблағгузории ҷараёнҳои овоздиҳии такрорӣ дар округҳои интихоботӣ масраф мегарданд.
Бештар аз 80 дарсади маблағҳои барои комиссияҳои округ ва участкаҳои интихоботӣ ҷудогардидаро барои музди меҳнат ва компенсатсияҳо, инчунин пардохтҳои иҷтимоии ягона сарф мекунанд. Дар давоми фаъолияти комиссияҳои мазкур барои таъмини истифода аз технологияҳои ахбории коммуникатсионӣ, муттасил васл гардидан бо интернет ва истифода аз воситаҳои алоқа – 20 миллиард сӯм равона карда мешавад. Ғайр аз ин, барои нашр кардани маводи чопӣ ва ахбору маълумоте, ки ба ташвиқоти интихобот вобаста мебошад, қариб 14 миллиард сӯм ҷудо мекунанд.
Ҳастанд касоне, ки мегӯянд: «Оё барои интихобот маблағи зиёд сарф кардан шарт аст? Оё камтарона гузаронем намешавад?» Пеш аз ҳама, ба интихобот аз бисёр давлатҳои хориҷӣ мушоҳидон ташриф меоранд. Аксарияти онҳо аз доираҳои академик ва экспертҳои бонуфузанд, бо ҳамин баҳона ба барқарории иқтисодӣ ва муҳити корчаллонӣ низ баҳо медиҳанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, фақат бо гузош­тани қуттиҳо маҳдуд шуда, ба ВАО ва мушоҳидон шароит омода карда нашавад, шаффофӣ таъмин нагардад, ё ки бигӯем, барои фаъол гузаронидани кампанияҳои интихоботии номзадҳо ва ҷамоаҳои онҳо маблағҳо ҷудо карда нашавад, масъалаҳои легитимӣ ва эътироф намудани интихоботи мазкур мураккаб мегардад. Инчунин, аз рӯйи сарф гардидани маблағҳои барои интихобот ҷудогардида баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот, дар муддати нишондодашуда тавассути веб-сайти Комиссияи марказии интихобот ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳисобот пахш карда мешавад.

Камолиддин МАВЛОНОВ,
муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ-­протсессуалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ