МАСЪУЛОН ҲИСОБОТ МЕДИҲАНД

Рӯзи 10‑уми сентябри соли равон сессияи чилудуюми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро Ш. Юлдошев сарварӣ кард. Намояндагони халқ аввал рӯзнома, котиб ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд.
Рӯйхати «Дафтари занҳо» зина ба зина кам мешавад
Дар сессия намояндагони халқ аввал ҳисоботи ҳокими ноҳияи Булунғур Б. Баҳромов ва роҳбарони секторҳои дигари ноҳия (С. Саидов, Б. Ҷӯрақулов, Ш. Эшмуродов)-ро дар бораи корҳое, ки дар Булунғур бо бонувони ба рӯйхати «Дафтари занҳо» дохилшуда бурда мешавад, шуниданд.
– Дар мамлакатамон, аз ҷумла ноҳияи мо ба занҳое, ки мӯҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ, шароити зиндагиашон вазнин, бекор, бекасбу ҳунар ва мӯҳтоҷи дастгирии маънавию психологӣ мебошанд, ёрии манзилнок расонда мешавад, – гуфт Б. Баҳромов. – Дар натиҷаи ба рӯйхатгирӣ 1994 нафар занҳои ба дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, психологӣ мӯҳтоҷ ба рӯйхати «Дафтари занон» дохил карда шуданд. Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва таъмини шуғли онҳо ба 184 нафарашон 143,6 млн. сӯмина ёрии моддӣ, 133 нафарашон 52 млн. сӯмина дору, 350 нафарашон бар асоси субсидия 612,5 млн. сӯмина асбобу ускунаҳо супорида шуданд.
Сокинони маҳаллаи Бӯдана Дилноза Сатторова ва Юлдуз Ӯринова аз ҳисоби кредити бонк дар 2 хол гармхона ва фаъолияти дӯзандагиро ташкил карданд. Ю. Ӯринова баъди ба роҳ мондани фаъолияти дӯзандагии худ боз 5‑то ҷойи нави корӣ ташкил кард.
Ҳоло дар рӯихати «Дафтари занон» 32 нафар зан мондааст.
Бар асоси баёни ҷамъомади комиссияи ҷумҳуриявӣ роҷеъ ба ҳалли муаммоҳои зан ва духтарон, инчунин дастгирии иҷтимоии онҳо, ки 25‑уми июни соли ҷорӣ баргузор гардид, рӯйхати зинаи 2‑юми «Дафтари занҳо» ташаккул дода шуд. Ба он 2152 нафар зан дохил гардида, ҳоло аз рӯйи 9‑то тоифа ёрии иҷтимоӣ ва моддӣ мегиранд. Хулоса, тадбирҳои гуногуни кор бо занҳое, ки ба рӯйхати «Дафтари занҳо» дохил шудаанд, идома доранд.
Азбаски маҳалла ва қишлоқҳои ноҳия аз якдигар дур ҷойгир шудаанд, дар мавзеъҳои аз марказ дурдасти ноҳия 907 нафар занҳо дар 227 гектар замини аз ғалла ва киштҳои дигар холишудаи хоҷагиҳои фермерӣ картошка, сабзавот ва растаниҳои лӯбиёгӣ кориданд. Инчунин, ба 213 нафар бонувони дар рӯйхати «Дафтари занҳо» буда, 53 гектар майдон дода шуд.
Дар Самарқанд кӯдакистонҳо 65 фоизи бачаҳоро фаро гирифтаанд
Ҳисоботи сардори садорати таълими томактабии вилоят З. Ҷӯраев ба ҳолати имрузаи сохтори таълими томактабӣ дар вилояти Самарқанд, корҳое, ки барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии он амалӣ мегарданд ва вазифаҳои оянда дар ин самт бахшида шуд.
Таъкид гардид, ки агар соли 2017 дар вилоят 20,9 фоизи бачаҳо ба кӯдакистонҳо рафта бошанд, ҳоло ин нишондиҳанда ба 65,5 фоиз расидааст. Дар чор соли гузашта шумораи кӯдакистонҳо 5,5 баробар ва дараҷаи фарогирии бачаҳо 44,6 фоиз афзудааст.
Бори аввал ба соҳа механизми ШДХ – шарикии давлату хусусиро дохил карда, фаъолияти 107‑то чунин кӯдакис­тони 10 ҳазор ҷой дошта ва беш аз 2 ҳазор кӯдакистони оилавӣ, ки 56 ҳазор нафар бачаҳоро фаро гирифтааст, ба роҳ монданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самарадории таълим дар кӯдакистонҳо «Мактаби маҳорат»-и вилояти Самарқанд ташкил гардид.
То охири сол аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии вилоят дар ноҳияҳои Нуробод 6‑то, Ургут ва Қӯшработ 8‑то муассисаи таълими томактабӣ сохта мешаванд.
Имсол дар доираи Барномаи «Қишлоқи обод» ё ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят низ сохтмон ва таъмири кӯдакистонҳо ба анҷом расонида мешаванд. Вале дар аксарияти ҳолатҳо ба ҷиҳозонидани кӯдакистонҳо маблағ намерасад.
Ҳоло имконияти сохтани кӯдакистонҳои нави давлатӣ нест. Вале аз имкониятҳои дигар самаранок истифода карда, ба таври иловагӣ аз ҳисоби ташкил кардани 215‑то гурӯҳҳои ҳатмии тайёрии бемузди яксола беш аз 6 ҳазор бачаҳои 6‑соларо ба таълими томактабӣ фаро гирифтан мумкин аст.
Дар ҳалли ин масъалаҳо, аз ҷумла музди меҳнати тарбиячиҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ёрии намояндагони халқ лозим мешавад.
***
Дар сессия, инчунин масъалаҳое аз қабили ҳисоботҳои мушовири ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои зиёд кардани самаранокии корҳои маънавӣ ва маърифатӣ, таъмини риоя ба ҳуҷҷатои қонунмандӣ доир ба забони давлатӣ Ш. Темиров дар бораи иҷрои саривақтӣ ва самаранокии вазифаҳое, ки дар «Харитаи роҳ»-и қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 10‑уми феврали соли 2021 «Дар бораи чораҳои таъмини зина ба зина пурра гузаштан ба алифбои ӯзбекии ба навиштаҷоти лотинӣ асосёфта», ҷонишини сардори Сарсадорати молияи ҳокимияти вилоят Ю. Бобоназаров дар бораи ташаккули манбаъҳои иловагии даромадҳои буҷети маҳаллӣ ва зиёд кардани онро шуниданд ва роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Тафсилоти масъалаҳои дар ин ҳисоботҳо зикршударо аз маводҳое, ки дар шумораҳои ояндаи рӯзнома чоп хоҳанд шуд, метавонед пурра мутолиа кунед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ