Мавсими пахтачинӣ сар шуд: тайёрӣ чӣ хел аст?

Рӯзи 9‑уми сентябр бо иштироки роҳбар ва мутахассисони Садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия» дар Хонаи матбуоти вилоят анҷумани матбуотӣ баргузор гашт. Дар анҷуман ҷонишини аввали роҳбари Садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия» Ҷамолиддин Камолов дар бораи омодагӣ ба мавсими ғунучини «тиллои сафед» маълумот дод.
Таъкид гардид, ки Садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия» ва шӯъбаҳои ноҳиявии он бо мақсади таъмини иҷрои баёни ҷамъомади Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 30‑юми августи соли 2021 «Дар бораи вазифаҳои муҳим аз рӯйи босифату саривақтӣ, несту нобуд накарда ҷамъоварӣ намудани ҳосил» таҳти рақами 153 тадбирҳои васеъмиқёси назоратӣ гузаронида мешавад.
Соли ҷорӣ аз ҷониби 2090 хоҷагии фермерӣ дар 75356 гектар замин беш аз 243,200 тонна пахта расонда мешавад. Дар мавсим иштироки 31 адад мошини замонавитарини пахтачинак, 1735 адад техникаи нақлиёт ва 2634 адад притсепҳо ба нақша дароварда шудааст. Бо самараи тадбирҳои назоратие, ки ходимони садорат ва шӯъбаҳои ноҳиявии онҳо гузаронданд, имрӯзҳо ҳамаи техникаҳои лозима хуб таъмир гардида, ба мавсим омодааст.
Дар соли ҷорӣ аз ҷониби 9‑то кластери пахта-­бофандагӣ аз рӯйи қабули ашёи хоми пахта тадбирҳои дахлдор амалӣ гардиданд.
Бо ин мақсад, дар 27‑то нуқтаи қабули пахтаи тобеи корхонаҳои кластерӣ қабули пахтаи чидашуда ба нақша дароварда шудааст.
Дар нуқтаҳои қабули пахтаи вилоят 90 дона воситаи сӯхторхомӯшкунӣ, 154 комплект воситаи механизатсияи хурд, 24 адад анбори пӯшида, 412 дона майдончаҳои ҷамъоварии пахта, 316 дона электроқафас, 525 дона ускунаи равшансозии ҳудуд таъмир гардида, ба ҳолати тайёр оварда шудааст.
Инчунин, дар ҳамаи нуқтаҳои қабули пахта воситаҳои баркашӣ ва санҷишӣ аз назорати қиёскунӣ гузаронида, бо сертификатҳо таъмин гашт. Бар асоси баёни Девони Вазирон аз 30‑юми августи соли ҷорӣ барои ҳар кило пахтаи бо даст чидашуда дар чинаки аввал ба миқдори на кам аз 1200 сӯм, дар чинаки дуюм на кам аз 1500 сӯм ҳақ пардохта мешавад.
Аз ҷониби кластерҳои пахта-­бофандагӣ ба роҳбарони отрядҳои пахтачинии иборат аз шаҳрвандони бекор то ба охир расидани мавсим 2 миллион сӯмӣ ҳаққи меҳнат дода мешавад. Дар ғунучини пахта иштироки 1834 отряд дар назар аст.
– Ба ғунучини пахта ҷалб намудани шаҳрвандони ба синни 18 нарасида, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, ходимони ташкилоти буҷет ва ғайрибуҷет ё ин ки ташкилоти дар ҳисоби хоҷагӣ ва ҳарбиён қатъиян манъ карда мешавад. – гуфт Ҷ. Каримов.
Дар анҷумани матбуотӣ ба саволҳои журналистҳо роҳбару мутахассисони садорат батафсил посух доданд.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ