Тақдимоти асари нодири олими бузург

Рӯзи 9-уми сентябр дар Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухории тобеи Девони Вазирон дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ тақдимоти 30 ҷузъи асари «Таъвилот ал-Қуръон»-и Имом Мотуридӣ, ки аз тарафи Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ тарҷима ва нашр гардидааст, баргузор гардид.
Кормандони марказ, намояндагони ташкилотҳои ҳамкор ва доираҳои илмӣ, уламо, донишҷӯёни самтҳои динии муассисаҳои таълимӣ ва тадқиқотчиёни мустақил иштирокдорони тақдимот буданд.
Тадбирро директори марказ, номзади фанҳои таърих, дотсент Ш.Зиёдов ифтитоҳ бахшид.
Ба сухан баромадагон дар бораи аҳамияти омӯхтани мероси Имом Мотуридӣ, асосҳо ва аҳамияти илмии омӯзиши асарҳои олим дар замони имрӯза, вазъи кунунии тадқиқи онҳо ва вазифаҳои оянда дар ин самт, инчунин, роҷеъ ба ислоҳоте, ки дар Ӯзбекис­тони нав дар соҳаи динӣ-маърифатӣ амалӣ мешаванд, ҳарф заданд.
Зикр гашт, ки дар байни асарҳои Имом Мотуридӣ, ки то замони мо омада расидаанд, аз ҳама машҳуртарин ва асари дорои арзиши бузурги илмӣ, ин китоби “Таъвилот ал-Қуръон” мебошад. Асари “Таъвилот ал-Қуръон” – асоси таълимоти мотуридия мебошад. Дар он тамоми ақоиди ҳанафийҳо, аҳли сунна ва ҷамоа таълиф гардидааст.
Бояд гуфт, ки асари мазкур то ҳол дар Ӯзбекистон ҷиддан омӯхта нашуда буд. Аз ин рӯ, ҷамоаи илмии Маркази байналмилалии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ ба тарҷимаи 30 пораи ин китоб пардохта, забони асарро дар доираи тавон барои мардум фаҳмо намуданд ва бо услуби равон тарҷима карданд. Дар зикри тарҷимаи оятҳои Қуръони карим аз асари “Тарҷима ва тафсири маъноҳои Қуръони карим”-и Шайх Абдулазиз Мансур фаровон истифода намуданд. Бо олимони мотуридишиноси хориҷӣ сӯҳбатҳо роста, аз онҳо маслиҳатҳо гирифтанд. Аз ҷумла, бо олими шинохта доир ба илмҳои Қуръон ва тафсир, мотуридишинос Аҳмад Саъд Даманҳурӣ, профессори Донишгоҳи Мармараи Туркия, доктор Умар Челик, олими шинохтаи мотуридишинос, профессор Юсуф Шавқӣ Явуз ва дигарон мубодилаи афкор намуданд.
Иштирокдорони рӯнамоии китоб меҳнати шоистаи кормандони марказро чун дастоварди бузурги илмӣ эътироф карда, таъкид карданд, ки ин тӯҳфаи арзанда ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат мебошад ва барои дақиқтар омӯхтани осор ва рӯзгори донишманди бузург Имом Мотуридӣ хизмат мекунад.
Хизмати матбуоти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ