Сохтори нави идоракунӣ чӣ гуна афзалият дорад?

Имрӯз сохтмони хонаҳои баландошёна барои қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба хонаву ҷой пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, мушкилот оиди идоракунии самараноки хонаҳои навбунёд ба вуҷуд меояд. Дар самти таъмини қувваи барқ, шабакаҳои гази табиӣ, системаҳои алоқа, хидмат расонидан ба лифтҳо, кашондани партовҳо, обод гардонидани ҳудудҳо ва кабудизоркунӣ камбудиҳо ба назар мерасад.
Мувофиқи қарори Президенти Ӯзбекистон аз 19‑уми июни соли равон «Дар бораи минбаъд васеъ гардонидани системаи идоракунии хонадонҳои бисёрошёна» лоиҳаи замима кардани минтақаҳое, ки биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ҷойгиранд, тавассути тендери кушод ба мақомоти роҳбарикунанда пайваст карда мешаванд.
Аз ҷумла, ширкати идоракунии ҶММ «Нур Шарқ Тесс» ба 53 хонаи бисёрошёна, ки дар маҳаллаҳои Қорасув ва Баҳодир Ялангтӯшбийи Самарқанд сохта шуда, дорои 3768 хонадон мебошанд, хизмати коммуналӣ мерасонад. Ширкат дорои хидмати шабонарӯзии диспетчерӣ мебошад.
Дар моҳи август бо ташаббуси ҳокими вилоят як гурӯҳ мутасаддиён системаи хизматрасонии коммуналӣ ба хонадонҳои бисёрқабатаи Тошканд­ро омӯхтанд. Аз ҷумла, бо фаъолияти ширкати идоракунии «Феникс арт сервис», ки ба биноҳои бисёрошёна дар ноҳияи Юнусобод хидмат мерасонад ва аз ширкатҳои манзили хусусӣ аз ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ, усулҳои пардохт, инчунин системаи идоракунӣ фарқ мекунад, аз наздик шинос шуданд. Системаи нав дорои хадамоти диспетчерии таъҷилии шабонарӯзӣ мебошад. Ин барои зуд бартараф кардани мушкилот ва камбудиҳо дар минтақа кӯмак мекунад.
Усули хизматрасонии манзил, ки то имрӯз амал мекард, худро сафед накард. Ассотсиатсияҳои соҳибони манзилҳои хусусӣ аз аҳолӣ пардохт талаб мекарданд, аммо вазифаҳои муҳим, аз қабили таъмири хона ва безараргардонии партовҳо иҷро намешуданд. Тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимис­тон ҳам ҳамин тавр буд. Ин боиси норозигии мардум мегардид.
Ҳоло ба хонаҳои бисёрошёнаи ҳамаи ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоят на ширкатҳо, балки ташкилотҳои нави идоракунӣ хизмат мерасонанд. Ин ташкилоти нав барои ҳар хона ҳисоби алоҳида мекушояд. Маблағҳое, ки чун даромад ба даст меоянд, танҳо барои ободсозии ин манзили бисёрошёна сарф мешавад. Илова бар ин, ширкати идоракунӣ хидматҳои гуногун пешкаш мекунад. Хидматҳое ба монанди муҳофизат, назорати видео, ҷудо кардани партовҳои маишӣ бо дархости аҳолӣ амалӣ карда мешаванд. Ташкилот, инчунин барои хонаҳо, кӯдакистонҳо, мактабҳо ё корхонаҳо ва ташкилотҳои ин минтақа хидматҳои инфиродӣ мерасонад. Бо онҳо шартномаҳои алоҳида имзо месозад. Шабакаҳои алоқа дар ин ҳудуд вобаста ба системаи ин ташкилот хоҳад буд.
Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар маскани Сартеппои шаҳри Самарқанд 2‑то, дар мавзеи Кимёгарон 2‑то ва дар шаҳраки Фарҳод 1 ширкати идоракунӣ таъсис дода мешавад. Дар минтақаҳо долонҳои даромадгоҳ, фасадҳо, пиёдагардҳо, майдончаҳои кӯдакон ва таваққуфгоҳҳо сохта мешаванд.
Дар баробари ҷорӣ гардидани системаи нав дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ дигаргуниҳои мусбат ба амал меоянд. Аммо пеш аз ҳама омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони ширкатҳои идоракунӣ зарур аст. Ин вазифаро худи ширкатҳои идоракунӣ иҷро мекунанд.
Сохтори нави идоракунӣ нисбат ба ширкатҳои кӯҳнаи мулкдорони хусусӣ бартариҳои зиёд дорад. Пеш аз ҳама, таъминоти пойгоҳи моддию техникӣ меафзояд. Дар асоси созишномаи тарафайн бо аҳолӣ дар қаламрави худ хадамоти коммуналӣ пешниҳод мекунад. Ин дар навбати худ масъулияти аҳолиро барои пардохт зиёд мекунад. Илова бар ин, ниҳодҳои давлатӣ дар омода кардани биноҳои истиқоматӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ба мақомоти давлатӣ такя намекунанд. Он вақти пурарзиши шаҳрвандонро барои ҳалли мушкилот дар муассисаҳои коммуналӣ ихтисор мекунад.

Баҳодир НЕЪМАТОВ,
роҳбари Садорати хидматрасонии коммуналӣ ба хонаву ҷойҳои вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ