Чаҳор дона агрегати насос мавҷуд нест


Шӯъбаи «Ӯзагроинспексия» дар ноҳияи Самарқанд аз рӯйи дар асоси сохтори истгоҳҳои насоси аз ҳисоби маблағи буҷаи давлатӣ молияшаванда, таъмири агрегатҳо назорати ҷиддӣ мебарад.
-Бино ба таҳлилҳои гузаронидашуда дар ноҳия 311 дона агрегате, ки қобилияти дар як сония 111,9 метри мукааб баровардани обро дорад, мавҷуд буда, қувваи обёрии 7100 гектар майдонро дорад.
Бино ба ҳолати 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳолати носоз будани 9 агрегат маълум шуд. Инчунин, дар давоми омӯзиш маълум гашт, ки 4 дона агрегат солҳои зиёд боз мавҷуд нест. Носозии қисми мотори 4 дона агрегат маълум шуд. Ба қувваи барқ васл набудани 1 агрегат аниқ гардид, — гуфт сарнозири шӯъба Ҷаъфар Аҳадов.
Нозирот назоратро аз рӯйи ёфтану таъмири агрегатҳоро мебарад.
манбаъ: веб-сайти расмии ҳокимияти ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ