Нахустнамоиши филм дар бораи Алишер Навоӣ баргузор шуд


Рӯзи гузашта дар Хиёбони адибон дар Тошканд нахустнамоиши филми мустанад дар бораи шоири бузург Алишер Навоӣ баргузор гардид.
Филмноманависи ин мустанад Фурқат Усмонов мебошад.
Ёдовар мешавем, аз 6 сентябр то ба ҳол дар бораи зиндагиву фаъолияти Бобур, Абдулло Орипов, Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода низ филмҳои мустанад ба тамошобинон тақдим шуданд.
То 29 сентябр нахустнамоиши филмҳои мустанад дар бораи Огаҳӣ, Чўлпон, Зулфия, Эркин Воҳидов, Ҳамид Олимҷон ва дигар адибон низ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, аз 28 сентябр то 3 октябр дар Тошканд ҳаштумин ҷашнвораи филмҳо – “Дурдонаи Роҳи абрешим” барпо хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ