Дар Душанбе изҳороти муштарак дар бораи Афғонистон қабул мешавад


Нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Тибқи иттилои котиботи СПАД дар ин мулоқот сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисиҷумҳури Беларусь Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаевв, роҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва мизбон Эмомалӣ Раҳомн иштирок мекунанд. Инчунин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҳузури дабири кулли СААД Станислав Зас дар назар аст.
Ба иттилои дафтари матбуоти СААД, яке аз масоили муҳимтарини мулоқот, вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви созмон мебошад. Имзои бархе санадҳо дар таъминоти нерӯҳои муштараки СААД, таҷҳизонидани онҳо бо силоҳу муҳимоти муосир ва баррасии буҷаи созмон барои соли 2022 дар назар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ