Дар Тошканд ҷамъомади навбатии комиссияи муштараки Ӯзбекистону Туркманистон баргузор мешавад

13-14 сентябри соли равон дар Тошканд ҷамъомади 16-уми Комиссияи Ӯзбекистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҷамъомади навбатии Комиссияи муштарак оид ба масъалаҳои хоҷагии об баргузор мегардад.

Дар ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ созишномаҳое баррасӣ мешаванд, ки дар ҷараёни сафари Президенти Туркманистон ба Ӯзбакистон ба имзо мерасанд, хабар медиҳад агентии давлатии иттилоотии Туркманистон.

Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов динамикаи пешравии муколамаи байнидавлатӣ байни Туркманистон ва Ӯзбекистонро, ки ба принсипҳои эҳтиром ва эътимод асос ёфтааст, бо қаноатмандӣ қайд намуда, иброз дошт, ки ду кишвар барои густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ иқтидори бузург доранд.

Президенти Туркманистон таъкид кард, ки фаъолияти комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун механизми муассири тақвияти ҳамкориҳо, дар заминаи мутақобилан судманд ва дарозмуддат бунёд шудааст, худро нишон дод ва ба ин муносибат ба ноиби сарвазир супоришҳои мушаххас дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ