Муҳимтарин меҳмони дипломатики Толибон пас аз суқути Кобул

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Ал-Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар рӯзи якшанбе барои сафари кӯтоҳ вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд.

Раиси дастгоҳи дипломосии Қатар муҳимтарин мақоми хориҷӣ аст, ки аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ба ин кишвар меравад. Толибон эълом кард, ки Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Ал-Сонӣ дар ҷараёни сафар ба Кобул бо шуморе аз мақомоти ин гурӯҳ дидор кардааст.

Гурӯҳи Толибон ҷузъиёти бештаре аз дидорҳои вазири хориҷаи Қатар, ки ҳамзамон муовини нахуствазири ин кишвар низ ҳаст ироа накард.

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Ал-Сонӣ дар Кобул ҳамчунин бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дидор кард. Қатар тайи моҳҳои гузашта ба яке аз муҳиммтарин кишварҳои минтақа дар заминаи таҳаввулоти Афғонистон табдил шудааст. Давлати Қатар мизбони музокироти сулҳи Амрико бо Толибон дар даврони риёсатҷумҳурии Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Иёлоти муттаҳида буд.

Вузарои хориҷаи шуморе аз кишварҳои ғарбӣ тайи ҳафтаҳои гузашта барои ройзанӣ дар бораи таҳаввулоти Афғонистон ба Доха сафар карданд. Жан Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса охирин мақоми ғарбӣ аст, ки ба Қатар рафтааст. Ў қарор аст рӯзи душанбе бо мақомоти Қатар дар бораи хурӯҷи атбоъи фаронсавӣ ва афғонҳо аз Афғонистон гуфтугӯ кунад.

Ҳайко Маас ва Антони Блинкен, вузарои хориҷаи Олмон ва Амрико низ пеш аз ин ба Қатар сафар карда буданд. Қатар дар охирин рӯзҳои ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон нақши муҳимме дар тахлияи атбоъи хориҷӣ ва афғонҳо аз Афғонистон дошт. Тахмин зада мешавад, ки даҳҳо ҳазор нафар пас аз хурӯҷ аз Афғонистон ва пеш аз азимат ба кишварҳои дигар ибтидо ба Қатар рафтанд.

То кунун ҳеҷ кадом аз кишварҳои ҷаҳон давлати ҷадиди Афғонистонро, ки таркиби он аз сӯи Толибон эълом шуд ба расмият нашинохтааст. Арабистон, Покистон ва Амороти арабии муттаҳида танҳо кишварҳое буданд, ки аввалин ҳукумати Толибон дар Афғонистон байни солҳои 1996 то 2001-ро ба расмият шинохта буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ