Анор ва хусусиятҳои табобатии он


Анорро шоҳи меваҳо меҳисобанд. Ранги сурхи баландаш чашмро медурахшонад. Анор на танҳо бомазза, балки аз витамонҳо хеле бой мебошад. Ин меваро дар табобат фароҳам истифода мебаранд. Агар шумо таомҳои гӯштиро танаввул нанамоед ва вегетариан бошед, албатта дар болои дастархонатон ин мева ҳамеша шуданаш лозим. Чунки дар он 15 навъ аминакислотаҳои дар маҳсулоти гӯшт мавҷудбуда ҳаст. Дар таркиби мева витаминҳои асосии С, Р, В6, В12 мавҷуд аст. Анор боз аз йод, калий, калсий, оҳан, кремний барин минералҳо бой мебошад. Анор аз қисми болояш хушкшуда, дарунаш нағз пухтагӣ ва обнок шуданаш лозим. Чунки шумо онро ҳангоми пӯсташ силлиқ будан канед, он ҳоло нағз напухтагӣ ҳисобида мешавад. Барои ҳамин, кандани меваи пӯсташ хушкшуда беҳтар аст. Пӯсти мева ба мо имкони дониста гирифтани пухтарасиро медиҳад.
Шарбати анор ҳам бисёр фоиданок буда, истеъмоли он ба бемориҳои камхунӣ, атеросклероз, астмаи бронхиалӣ, ангина, диабети қанд тавсия карда мешавад.
Пӯст ва донааш низ фоидаовар аст. Онҳо дар самтҳои гуногун истифода мегарданд. Пӯсти анорро ба чой ҳамроҳ карда нӯшанд, он ба шахсони аз бедорхобӣ азият кашанда ва асабашон тарангашта, инчунин шахсони дар ҳолати стресс будаҳо фоиданок мебошад. Бо пӯсти бо об ҷӯшондашуда гулӯъро чайқонанд ёрӣ мерасонад. Чунки дар таркибаш кислотаҳои органикӣ мавҷуд буда, имкони несту нобуд сохтани инфексияро дорад. Анор ба сифати воситаи косметикаӣ, нигоҳдории зебоии бонуҳо низ кор фармуда мешавад. Пӯсти рӯятон равғанин бошад ё ҳуснвайронкунакҳо гоҳо шуморо безобита намояд, дар ин ҳолат пӯсти анорро майда карда, бо равғани зайтун каме бирён карда, онро дар яхдон нигоҳ дошта ва ҳафтае ду маротиба ба рӯй ниқоҳ созед, ёрӣ мерасонад.
Гуфтан ҷоиз, ки онро ба ратсиони хӯрок даровардан ва истеъмол карда истодан пеши бемории хурӯҷи дил ва саратони сари синаро мегирад.
Донаи анор ба бемориҳои фишори баланди хун фоиданок аст. Он ба оҳиста -оҳиста фаровардани фишори хун ёрӣ мерасонад. Бояд гуфт, ки истеъмоли анор ба шахсоне, ки аз захми меъда азият мекашанд, нораво мебошад. Чунки мева турш ва кислотадор аст. Нӯшидани худи шарбати мева эмали дандонҳоро шикаст медиҳад. Аз ин рӯ, ба шарбат каме обҷӯш ҳамроҳ намуда нӯшидан мувофиқи мақсад аст.
Таҳияи Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ