Афғонистон парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад

Ҳукумати Афғонистон мехоҳад парвозҳоро бо Русия ва Туркия аз сар бигирад. Дар ин бора мудири Авиатсияи граждании он кишар Мавлавӣ Абдул Ҳодӣ Ҳамдард хабар дод.
Чанде пеш дар фурудгоҳи Кобул пас аз хуруҷи низомиёни Амрико, нахустин парвози тиҷории ширкати покистонӣ бо 10 мусофир фуруд омад.

  • Рӯзҳои охир мо парвозҳоро аз Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Қазоқистон ва Покистон қабул намудем. Ҳоло барқарор шудани парвозҳо бо Русия ва Туркия ба назар гирифта шудааст, — изҳор дошт Ҳамдард.
    Феълан, Росавиатсия изҳороти мақомоти Афғонистонро расман шарҳ надодааст.
    Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 9 сентябр ҷангиёни Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, фазои ин кишварро барои ҳавопаймоҳои хориҷӣ боз намуданд.
    Қаблан, рӯзи 26 август, бар асари силсила таркишҳо, хатти парвоз ва терминали фурудгоҳи Кобул шадидан осеб дидааст.
    Зимнан, нахустин парвозҳои дохилӣ рӯзи 4 сентябр сурат гирифт. Парвози байналмилалӣ бошад, рӯзи 9 сентябр ба Доҳа анҷом дода шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ