Беҳтарин ваксина зидди штамми “делта”-и коронавирус кадом аст?

Олимони амрикоӣ самарбахшии ваксинаҳои Moderna, Pfizer ва Johnson&Johnson-ро бар зидди штамми “делта” муқоиса карданд.
Онҳо беш аз 32 ҳазор муроҷиати тиббиро, ки мансуб ба сокинони 9 иёлати осебдидатарин аз ин штамм мебошад, таҳлил карданд.
Натиҷаҳо нишон дод, ки ваксинаи Moderna нисбат ба дутои дигар дар баробари штамми “делта” самарбахштар аст. Ҳамчунин, маълум шуд, ки ин се ваксина аз вазнин гузаштани беморӣ пешгирӣ мекунанд.
Олимон бо истинод ба пажӯҳиши худ мегӯянд, ки шахсони эмнашуда нисбат ба шахсони эмшуда 5-7 бор бештар ба ёрии таъҷилӣ ва бистарӣ шудан дар бемористон эҳтиёҷ доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ