Дар муассисаҳои томактабӣ тайёрӣ ба мавсими зимистон

Рӯзи 13-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби ҳокимияти шаҳри Самарқанд ба муассисаҳои томактабии шаҳр пресс-тур гузаронида шуд. Дар он иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ташкилоти муассисаҳои томактабии шаҳр Салоҳиддин Нумиров оиди корҳои амалигардида дар ин соҳа ба журналист ва блогерон маълумот дод.

  • Фарогирии мо 81,1 фоизро ташкил медиҳад. Ҳоло қариб 30 ҳазор кӯдак дар шаҳр ба дасти мо таҳсил мегирад, — гуфт С. Нумиров.
    Иштирокчиёни пресс-тур ба кӯдакистонҳои 43 ва 71-уми шаҳр ташриф намуда, вазъи тайёрии онҳо ба мавсими зимистонро омӯхтамтанд.
  • Бинои мо соли 2020 бо асоси дастури сармоягузорӣ аз нав таъмир карда шудааст. Қимати объект 2163,7 миллион сӯм буда, ҳамаи шароитҳо барои кӯдакон муҳайё гардидааст. 2 печи замонавӣ системаи гармидиҳии биноро таъмин менамояд. Ҳоло, аз оне ки вазъияти пандемия дар кишвар ҳукм меронад, мо аз тамоми волидони хурдтаракон хоҳиш мекунем то онҳоро ҳамеша ба амал кардани қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ риоя кардан даъват намоянд. Чунки кӯдакон интиқолдиҳандаи вирус ҳастанд. Мо кӯдаконе, ки падару модарашон ваксина алайҳи коронавирус нагирифтаанд, ба кӯдакистон қабул намекунем, — гуфт директори кӯдакистони рақами 43 Ш. Адилова.
    Волидони кӯдакҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълими томактабии давлатӣ имрӯзҳо ба чунин муаммо рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ҷумла, кӯдакистони рақами 71 ҳам аз падару модарони кӯдакҳо ҳуҷҷати гирифтани ваксинаро талаб мекардаанд. Агар ҳуҷҷат набошад фарзанди онҳо дар кӯдакистон таҳсил гирифтан наметавонад.
  • Дар ташкилоти таълими томактабии мо ин гуна муаммо ба назар намерасад, — гуфт директори кӯдакистони нодавлатии “Sam Golden Kinds” Ф.Юсупова. – Мо барои кӯдакони худ ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардаем. Ба мавсими зимистон низ бо ташкилоти мо ҳеч муаммое ба вуҷуд намеояд. Системаи гармдиҳии мо бо технологияҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда, ба талаботи бехатарӣ ҷавоб медиҳад.

Иштирокчиёни пресс-тур дар Хонаи матбуоти вилоят бо ҳокими шаҳр Б.Облокулов вохӯрданд, то аз ҳолати омодагии иншооти иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва корҳое, ки барои таъмини манзили аҳолии ниёзмандба кӯмаки иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд, шинос шаванд.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2021 ба 853 шаҳрванд субсидия ҷудо кардан ба нақша гирифта шудааст. Аммо то имрӯз тақрибан 3800 ариза ворид шудааст. Аз онҳо 853 то натиҷаҳои мусбат гирифта бошанд, 1252 дархост рад карда шудааст. Аризаҳои боқимондаро комиссияи махсус меомӯзад. Соли гузашта ба 533 шаҳрвандоне, ки натиҷаҳои мусбат гирифтанд, аз ҷониби шӯъбаҳои молия 20,331 миллиард сӯм ва аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ 133,5 миллиард сӯм кредити ипотека дода шудааст.
Дар Самарқанд ба 1024 хонаи истиқоматӣ 115 ширкати мулкдорони хусусӣ ва 11 ташкилоти касбии идоракунӣ хизмат мерасонанд. Имсол дар шаҳр 7,8 миллиард сӯм ҷудо карда шуд, 40 лифт бо лифтҳои нав иваз карда шуд, 227 лифти кӯҳна таъмир карда шуд.
Бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон боми 140 бинои истиқоматии баландошёна, пештоқи 105 хона, таҳхонаҳои 58 хона ва 26 долони даромадгоҳ таъмир карда шуд. Системаҳои рӯшноӣ, корҳои обёрӣ ва ободсозӣ анҷом дода шуданд.
Пас аз модернизатсия ва реконструксияи дегхонаи РK-2 дар Самарқанд тибқи шартнома бо компанияи “FCG Design and Engineering Ltd” (Финландия), 381 бинои бисёрошёна дар микрорайонҳои А ва В, массивҳои Суғдиёна ва Сартепа аз нав барқарор карда мешаванд.

  • 119,2 ҳазор хонадон дар 193 маҳаллаи шаҳри мо бо гази табиӣ ва 6873 хонадон дар дигар маҳаллаҳо бо гази моеъ таъмин карда шудаанд, — гуфт ҳокими шаҳр Б.Облокулов. — 2,7 километр қубури газ пурра таъмир ва 1,5 километр қубури газ аз нав сохта шуд. Панҷ статсионар ва 2344 қуттиҳои тақсимкунандаи газ таъмир карда шуданд. Ҳоло тавассути шабакаҳо 78 000 метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Аммо барои таъмин намудани тамоми аҳолии шаҳр 150 ҳазор метри мукааб гази табиӣ лозим аст. Мо бо коршиносони соҳа дар ин масъала кор карда истодаем.

Дар поёни нишасти матбуотӣ масъулон ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ