Ӯзбекистон ҳаҷми воридоти картошкаро ба дараҷаи рекордӣ расонд


Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ Ӯзбекистон ба арзиши умумии 35,4 миллион доллар 310 ҳазор тонна картошка ворид кард. Ҳаҷми воридоти картошка нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 34 дарсад афзоиш ёфт.
Бино ба маълумоти таҳлилгарони EastFruit, дар 20 соли охир ин ҳаҷми рекордии воридоти картошка дар Ӯзбекистон аст. Гуфта мешавад, ки афзоиши воридоти картошка ба барқарории нархи он дар бозорҳо таъсир гузоштааст.
Се кишвари асосие, ки Ӯзбекистонро бо картошка таъмин кардааст, инҳоянд:
Эрон – 119 ҳазор тонна;
Қозоғистон – 85 ҳазор тонна;
Покистон – 75,5 ҳазор тонна;

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ