Тайёрии шаҳри Самарқанд ба мавсими тирамоҳу зимистон

Рӯзи 13‑уми сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби ҳокимияти шаҳри Самарқанд дар муассисаҳои томактабии шаҳр пресс-тур гузаронида шуд. Дар он иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ташкилоти муассисаҳои томактабии шаҳр Салоҳиддин Нумиров оиди корҳои амалигардида дар ин соҳа маълумот дод.
– Ҳоло дар шаҳр дар муассисаҳои мо қариб 30 ҳазор кӯдак таҳсил мегиранд, фарогирӣ 81,1 фоизро ташкил медиҳад, – гуфт С. Нумиров.
Иштирокчиёни пресс-тур вазъи тайёрии кӯдакистонҳои рақамҳои 43 ва 71‑и шаҳрро ба мавсими зимистон омӯхтанд.
– Бинои мо соли 2020 бар асоси дастури сармоягузорӣ аз нав таъмир карда шуд. Қимати объект 2163,7 миллион сӯм буда, ҳамаи шароитҳо барои кӯдакон муҳайё гардидааст. 2 печи замонавӣ биноро бо гармӣ таъмин менамояд, – гуфт директори кӯдакистони рақами 43 Ш. Одилова.
Имрӯзҳо дар ташкилотҳои таълими томактабии давлатӣ, аз ҷумла, кӯдакис­тони рақами 71 аз падару модарони кӯдакҳо ҳуҷҷати гирифтани ваксинаро талаб мекунанд. Агар ҳуҷҷат набошад, фарзанди онҳо дар кӯдакистон таҳсил гирифта наметавонад.
– Дар ташкилоти таълими томактабии мо ин гуна муаммо ба назар намерасад, – гуфт директори кӯдакистони ғайридавлатии «Sam Golden Kinds» Ф. Юсуфова. – Мо барои кӯдакон шароитҳои хубро фароҳам овардаем. Ба мавсими зимистон низ бо ташкилоти мо ҳеч муаммое ба вуҷуд намеояд. Системаи гармидиҳии мо бо технологияҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда, ба талаботи бехатарӣ ҷавоб медиҳад.


Иштирокчиёни пресс-тур дар Хонаи матбуоти вилоят бо ҳокими шаҳр Б. Облоқулов вохӯрданд, то аз ҳолати омодагии иншоотҳои иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва корҳое, ки барои таъмини манзили аҳолии ба кӯмаки иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд, шинос шаванд.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2021 ба 853 шаҳрванд ҷудо кардани субсидия ба нақша гирифта шудааст. Аммо то имрӯз тақрибан 3800 ариза ворид шудааст. Аз онҳо 853‑то натиҷаҳои мусбат гирифта бошанд, 1252 дархост рад карда шудааст. Аризаҳои боқимондаро комиссияи махсус меомӯзад. Соли гузашта ба 533 шаҳрвандоне, ки натиҷаҳои мусбат гирифтанд, аз ҷониби шӯъбаҳои молия 20,331 миллиард сӯм ва аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ 133,5 миллиард сӯм кредити ипотека дода шудааст.
Дар Самарқанд ба 1024 хонаи истиқоматӣ 115 ширкати мулкдорони хусусӣ ва 11 ташкилоти касбии идоракунӣ хизмат мерасонанд. Имсол дар шаҳр 7,8 миллиард сӯм ҷудо карда, 40‑то лифти корношоямро бо лифтҳои нав иваз ва 227 лифти кӯҳнаро таъмир кардаанд.
Бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон боми 140 бинои истиқоматии бисёрошёна, пештоқи 105 хона, таҳхонаҳои 58 хона ва 26 долони даромадгоҳро таъмир карданд. Системаҳои рӯшноӣ ва ободсозӣ гузошта шуданд.
Пас аз тармим ва таъмири дегхонаи РK‑2 дар Самарқанд тибқи шартнома бо компанияи «FCG Design and Engineering Ltd» (Финландия), дар микрорайонҳои А ва В, массивҳои Суғдиёна ва Сартепа 381 бинои бисёрошёна аз нав барқарор карда мешаванд.
– Дар 193 маҳаллаи шаҳри мо 119,2 ҳазор хонадон бо гази табиӣ ва 6873 хонадон бо гази моеъ таъмин карда шудаанд, – гуфт ҳокими шаҳр Б. Облоқулов. – 2,7 километр қубури газ пурра таъмир ва 1,5 километр қубури газ аз нав сохта шуд. Панҷ статсионар ва 2344 қуттиҳои тақсимкунандаи газро таъмир карданд. Ҳоло тавассути шабакаҳо 78 000 метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Аммо барои таъмин намудани аҳолии шаҳр 150 ҳазор метри мукааб гази табиӣ лозим аст. Мо бо коршиносони соҳа дар ин масъала кор карда истодаем.
Дар поёни нишасти матбуотӣ масъулон ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ