Варзишгарони самарқандии Бозиҳои Олимпия ва Паралимпия сарфароз гардиданд

Дар шаҳри Самарқанд маросими сарафроз кардани ғолибон ва ширкаткунандагони Бозиҳои олимпӣ ва Паралимпӣ дар Токио баргузор шуд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар ин маросим иштирок кард.
Ӯ гуфт:

Ҳамаи мо мусобиқаҳоро бо шавқу завқ тамошо кардем. Бояд бигӯям, ки худи иштирок дар Бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпӣ шараф аст. Ба варзишгарон ва устоду мураббиёне, ки дар ин мусобиқаҳо иштирок карданд, алоҳида арзи сипос мекунам. Баъди ҳар як натиҷа, махсусан ҳангоми барафрошта шудани парчами давлатӣ ва танин андохтани мадҳия дилҳои мо пуропури ғуруру ифтихор шуд. Боиси хушҳолист, ки дар Олимпиада 10 нафар ва дар Паралимпия 4 нафар варзишгари мо иштирок карданд ва соҳиби медалҳои тиллову нуқра гардиданд.
Ба ғолиби Бозиҳои Паралимпия – Ҳусниддин Норбеков хонаи сеҳуҷрагӣ, ба Парвина Самандарова ва Давлат Бобонов хонаҳои дуҳуҷрагӣ аз мавзеъи Қорасув супурда шуд.
Ҳамчунин, ба ҳар кадоми варзишгароне, ки дар ин мусобиқаҳо иштирок карданд, пешпардохти хонаи дуҳуҷрагӣ аз шаҳри Самарқанд, ба мураббиёни онҳо ташаккурнома ва 25-миллион сӯм мукофотпулӣ дода шуд.

Ҳусан ЭЛТОЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ