Баланд шудани нархи гӯштро бояд чуқур омӯхт

Мусоҳибаи журналист Бахтиёри ҶУМЪА бо иқтисодчии шинохтаи вилоят Илҳом ВАФОЕВ
– Ҳозир дар кадом маъракае иштирок кунед, рӯйи дастархон пуру фаровон аст. Маҳсулоти гӯштӣ бештар ба назар мерасад. На танҳо дар маъракаҳо, дар хонадонҳо ҳам аҳвол ҳамин хел. Баъзе занҳо агар гӯшт набошад, хӯрок пухтан намехоҳанд…
– Организми инсон аз нуқтаи назари саломатӣ ба дараҷаи муайян углевод, равған, витаминҳо ва ғайра талаб мекунад. Гӯшт манбаи сафеда ба ҳисоб меравад. Дар давраи шӯроҳо ба одами калонсол дар давоми як сол вобаста аз ҷуссааш ба ҳисоби миёна истеъмоли 25 килограмм гӯшти чорво дар назар дошта шуда буд. Яъне, дар як моҳ ин нишондиҳанда 2 килограммро ташкил мекард.
– Ҳоло дар миқёси вилоят мардум чӣ қадар маҳсулоти гӯштӣ истеъмол мекунанд?
– Дар ин бора маълумоти статистикии аниқ нест. Миқдори истеъмоли гӯштро фақат нисбат ба даромади пулии оилаҳо ҳисоб кардан мумкин аст. Тасаввур кунед: оилае аз панҷ аъзо иборат аст, даромади якмоҳаи оила ду миллион сӯм, ё ки ба ҳар сари кас 400 ҳазор сӯмро ташкил мекунад. Агар хароҷотҳои ғайричашмдошт ба миён наоянд (сафар, беморӣ ва ҳоказо), баъди харҷҳои ҳатмии коммуналӣ: нақлиёт, алоқа, нон, сабзавот, шир, тухум, равған, шакар ва ҳоказоҳо барои хариди гӯшт дар дасти оила то 700 ҳазор сӯм боқӣ мемонад. Ин маблағ барои хариди 10 килограмм гӯшт мерасад ва ба сари ҳар кас ба 2‑килограммӣ баробар мешавад.
Лекин баъзе оилаҳои вилоят соҳиби ин хел даромади пулӣ нестанд. Навбат ба хариди гӯшт баъди сарфҳои дараҷаи якум мерасад. Аз ин хулоса барорем, бо камшавии даромади оилаҳо хариди гӯшт ҳам кам мешавад.
– Барои пурра бо гӯшт таъмин кардани аҳолӣ саршумори чорво чӣ қадар бояд бошад?
– Дар вилоятамон ҳозир тахминан 1,6 миллион сар гову гӯсола, аз ҷумла 720 ҳазор сар модагов, 2,5 миллион сар гӯсфанду буз ҳаст. Мувофиқи маълумоти расмӣ солҳои охир беш аз 200 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол мешавад. Ин ба сари ҳар кас соле 50‑килограммиро ташкил мекунад. Барои маълумот: экспорти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ расман мумкин нест.
– Барои пурра бо гӯшт таъмин кардани аҳолӣ саршумори чорво чӣ қадар бояд бошад?
– Саршумори чорвое, ки ҳозир дорем, барои пурра бо гӯшт таъмин кардани аҳолии вилоят кифоя аст, ҳатто зиёдатӣ ҳам мекунад. Лекин гӯшт на фақат дар ҳудуди вилоят, балки ба аҳолии пойтахт ва дигар гӯшаҳои ҷумҳурият бе ҳеҷ мамоният паҳн мешавад ва ин кор дуруст аст.
– Мардуми мо, ки асосан гӯшти гов истеъмол мекунанд, роҳҳои зиёд кардани саршумори моли калон кадомҳоянд?
– Бояд гуфт, ки зиёда аз 90 фоизи саршумори чорво ба ҳиссаи оилаҳои деҳот рост меояд. Бо сабаби сол аз сол қимат шудани хӯроки чорво, кам шудани даромади оилаҳо аз ҳисоби маблағҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷа мефиристанд, шумораи чорво ҳам кам шуда истодааст. Аз рӯйи мантиқ ба ҳамин хулоса омадан мумкин аст, лекин статистика ин хел ҳолатҳоро тан намегирад. Дар шароити ҳозира, ба фикри ман, ба роҳ мондани парвариши чорвои калон бояд ба зиммаи хоҷагиҳои фермерӣ гузошта шаванд. Чунки, қисми асосии заминҳои обёришаванда дар ихтиёри фермерҳо мебошад. Тазоди аҷоиб дар он аст, ки дар хоҷагиҳо ҳамагӣ 5–7 фоизи чорвои калонро парвариш мекунанд.
– Фаровонии гӯшт ба базаи хӯрокаи он вобаста аст. Ба фикри Шумо, чӣ бояд кард, ки хӯроки чорво арзон ва гӯшт фаровон шавад?
– Якум, барои оилаҳое, ки дар шароити хона чорворо парвариш мекунанд, бояд заминҳои корам ҷудо карда шаванд. Дар мамлакатамон меъёри зарурӣ барои як сар чорвои калон 0,3 гектар заминро ташкил мекунад. Аммо деҳқон танҳо дар майдони 0,06 гектар имконияти парвариши 5 сар моли калонро дорад.
Заминҳое, ки баъд аз ғунучини ғалла озод мешаванд, бояд ба таври истифодабарии доимӣ ба оилаҳои чорводор ҷудо карда шаванд. Албатта, ин кор бо шарти додани иҷорапулии замин амалӣ гардад.
Дар ҳар як соҳаи иқтисод бояд ҳисобу китоби аниқ бошад. Вақти аз рӯйхат гузаронидани ҳамаи намудҳои чорво ва парранда кайҳо гузашт, аммо ҳоло ҳам бевақт нест. Шумораи онҳо аниқ шавад, кор карда баромадани имконияти баланси озуқаро ҳам ба вуҷуд меорад. Қарорҳое, ки ҳукумат бо мақсади ривоҷу равнақи соҳаи чорводорӣ қабул мекунад, фақат факторҳои иқтисоди ташкилиро дар назар дорад. Дар ин қарорҳо дар дасти аҳолӣ будани 95 фоизи чорвои калону хурд ба назар гирифта намешавад. Барои ҳамин ҳам, ҳоло дар тараққиёти ин соҳа, ягон хел натиҷаи мусбатро ба пеши назар овардан мушкил аст. Мисоли оддӣ: ҳарчанд маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар рӯз то рӯз кам шуда истодаанд, бояд ин тенденсияи мусбӣ бо роҳи ба оилаҳои деҳот додани қарзи ҳамёнбоб бартараф карда шавад. Вале дар амал ин хел нест. Мисоли дигар: бояд шелуха ва шроте, ки бо сабаби кам истеҳсол шудани пахта рӯз аз рӯз қимат мешаванд, бояд ба чорводорон бо нархҳои арзон расонида шаванд. Ин кор ҳам дар амал ба чашм намерасад. Барои парвариши гӯсфандҳо лозим будани ҷавро ҳама медонад. Лекин ягон роҳбари ба ин соҳа масъул дар қатори гандум зарур будани васеъ кардани майдонҳои кишти ҷавро ё сарфаҳм намеравад, ё ин ки масъалаи дуюминдараҷа гуфта ҳисоб мекунад.
Хулоса, аввал сабаби дар давоми чор сол аз 22 ҳазор то ба 70 ҳазор сӯм баланд шудани нархи гӯштро бояд чуқур омӯхт. Баъд дастурҳоеро, ки ба равнақи соҳаи чорводорӣ хизмат мерасонанд, кор карда баромадан мумкин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ