30 чеҳраи шинос дар «Истиқлолнома»

Дар рӯзҳои ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишварамон дар чопхонаи «Тӯроннашр» зери рукни «Аз китобхонаи «Гулобод тонги» маҷмӯаи очерку ҳикояҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти 30 нафар фарзанди фарзонаи ноҳияи Самарқанд китоби «Истиқлолнома» интишор ёфт, ки ба қалами журналистони варзида Холиқ Ҳакимов, Зоҳир Ҳасанзода, Тошпӯлод Юсуфов, Озод Ҳамидзода, Дилрабо Насимӣ ва дигарон мансуб аст.
Очерк дар бораи доктори фанҳои физика-­математика, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аҳмадҷон Солеевро Зоҳир Ҳасанзода бо ҳаммуаллифи ректори донишгоҳи мазкур навиштааст. Мусоҳибаи Холиқ Ҳакимов бо раиси хоҷагии фермерии «Наврӯз – Агротехсервис» Ориф Ҳасанов ва очерк дар бораи фарзанди кӯҳистон Ғайрат Назаров ҷолиби диққатанд. Журналисти шинохт, собиқ сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Озод Ҳамидзода, ки ҳоло дар ӯҳда вазифаи амини деҳаи Гулбоғро дорад, дар бораи зиндагиномаи ҳамкасби худ – раиси шаҳрвандони маҳаллаи Ӯрташайх Шавкат Солеев нақл намудааст. Тадбиркор Ӯктам Ҳамидов шоҳроҳи ибратбахш дорад, ки барои навкорон муфид мебошад. Масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Гулобод тонги», шоираи хушбаён Дилрабо Насимӣ дар бораи ӯ иншо намудааст.
Инчунин, дар китоби мазкур ҳикояҳо дар бораи сарвари табобатхонаи «Престиж» Азамат Васлиддинов, роҳбари шӯъбаи маданияти ноҳия Хурсандой Ғозиева, вориси муносиби сулолаи Маҳмудбек Маъруфӣ – марди дилёбу дарёдил Толиббек Маъруфӣ ва дигарон ҷой гирифтаанд.
– Ин нахустин асарест, ки зери рукни «аз китобхонаи «Гулобод тонги» ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ чоп мешавад,  – мегӯяд нашр Нормурод Каримзода. – Ният дорем, ки ин анъанаро идома диҳем. Зеро дар ноҳияи Самарқанд шахсони соҳибэҳтиром ва муносиби ситоиш хеле бисёранд. Аллакай барои қисми дуюми китоб чанд қаҳрамон пайдо шуданд.

Баҳодури ЗОҲИР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ