МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ: АЗ ӮЗБЕКИСТОН КИҲО ҒОЛИБ ГАРДИДАНД?

Дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ — гуштингирӣ баргузор шуд.
Дар дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд.
Рақобатҳо дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – автомобил, ба барандагони медалҳои нуқра, 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид.
Дар дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ аз Ӯзбекистон Дилшод Ҷӯраев (70 кг), Умар Бозоров (80 кг), Ҷонибек Козоков (90 кг) ва Бекмурод Олтибоев (+90 кг) ғолиб ва бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ