Барои маводди хом ҳуҷҷат талаб мекарданд

Дирӯз дар минтақаи озоди иқтисодии Ургут таҳти роҳбарии котиби матбуотии ҷумҳуриявии Агентии танзими техникии Ӯзбекистон Рауфҷон Расулов бо иштироки ходимони ВАО пресс-тур гузаронида шуд. Дар он оиди назорати маҳсулотҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ аз ҷониби агентӣ баррасӣ гардид.
Журналистон бо тартиби навгониҳои соҳа шинос шуда, аз тадбиркорон дар бораи фарқияти дирӯзаву имрӯзаи Агентии танзими техникӣ шинос шуданд. Пресс-тур дар корхонаҳои Ideal, Odul ва ҶММ YEG-и минтақаи озоди иқтисодии Ургут гузаронида шуд.

  • Дар корхонаи мо маҳсулотҳои плитаи газ, электропечка истеҳсол карда мешавад, — гуфт роҳбари корхонаи Самэлектросервис Соҳиб Азимов. – Имрӯзҳо вазъи кор бо агентии танзими давлатӣ бисёр хуб шудааст. Барои он, ки солҳо қабл мо барои ба маҳсулот сертификат гирифтан аз даҳ рӯз то як сол нигарон мешудем. Акнун ҳатто дар байни як рӯзи корӣ онро ба даст овардан мумкин аст. Барои гирифтани сертификат асосан ба сифат ва тобоварии маҳсулот эътибор дода мешавад. Аз оне, ки маҳсулотҳои мо ҳамагӣ ба талаботи стандартҳои Аврупо ҷавоб медиҳад то ҳол бо агентии танзими давлатӣ муаммое ба вуҷуд наомадааст.
    Гуфта мешавад, ки аввалҳо дар соҳаи истеҳсолот барои ҳар яке маводи хом барои маҳсулот сертификат талаб мешуд. Ба тариқи мисол, агар тадбиркор шимҳои ҷинс истеҳсол кунаду матоъи онро аз бозори хориҷа биёрад, барои матоъ сертификати алоҳида ва пас аз тайёр шудани шим барои он низ сертификати алоҳида бояд дошта бошад. Ин система тадбиркоронеро, ки тоза ба ин роҳ даромадаанд, рӯҳафтода мекард ва албатта пас аз омода шудани маҳсулот ба нархи онҳо таъсир мегузошт.
  • Дар оянда ба тадбиркорон барои нарх гузоштан ба маҳсулотҳояшон кӯмак карданро нақша дорем. Ҳоло системаи шаффофе ба роҳ гузошта шудааст, ки мо ҳамаи аризаҳоро ба тариқи электронӣ қабул мекунем. Бо ин мо садди роҳи фасодро мегирем ва ба аризаҳоро бо зудӣ омӯхтан мушарраф мегардем. Ҷараёни сертификатдиҳӣ чунин аст, ки мутахассисон ба корхонаи тадбиркор меоянду аз маҳсулот намуна мебардоранд. Пас аз он дар лабораторияи санҷиш маҳсулот аз таҳти назар мегузарад. Агар маҳсулот ба талаби сифат ҷавоб диҳад ба он сертификат супорида мешавад. Барои боз ҳам хуб ба роҳ мондани муносибатҳо бо тадбиркорон дар ҳар яки корхонаҳои истеҳсолотӣ шахсони масъул вобаста карда шудаанд, — гуфт роҳбари филиали вилоятии муассисаи давлатии Маркази сифат ва санҷиши илмии Ӯзбекистон Камолиддин Муродов.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ