Имрӯз зодрӯзи нависандаи бузурги адабиёти тоҷик Ҷалол Икромӣ мебошад

Ҷалол Икромӣ (1909-1993)

Бадриддин номи бобои Ҷалол Икромист. Ў аз деҳаи хушманзари Кўҳистони Ховалинг, ки дар тобеи Беки Балҷувон буд, ибтидои асри XIX ба мақсади хондан ва соҳиби илму маърифат гаштан озими шаҳри овозадори Бухоро мешавад. Бо талошу саъю кўшишҳои зиёд дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намуда, қалбашро аз нури донишу маърифат фурўзон гардонд ва яке аз шахсони донишманди замони худ шуд. Ҳамин тавр, дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Дар ҳамин ҷо хонадор шуд ва соҳиби фарзандони хуб гашт. Дар байни фарзандони ў Икромиддин падари Ҷалолхон бо зиракӣ ва фаросати хеш фарқ мекард. Ў бо роҳи падар рафт ва шахси фозилу донишманд гардид ва бо номи Қозӣ Икромиддин шўҳрат ёфт. Ана дар ҳамин оила адиби дўстдоштаи мову шумо Ҷалол Икромӣ соли 1909 ба дунё омад. Падар ба фарзанди ҷигарбанд Ҷалолхон ном гузошт. Аз дидору бахти фарзанд падару модар шоду масрур буданд. Вале ин хурсандӣ дер давом накард. Соли 1911 модари Ҷалолхон вафот кард. Мусибати сахте ба сари ин хонадон расид. Чуғзи наҳс ба хонадонашон лона гузошт. Аз ғаму дарди завҷаи меҳрубон Икромиддин рўз то рўз лоғар гардид. Баъд аз ташхис табибони ҳозиқ ва духтурони рус ба Икромиддин маслиҳат доданд, ки барои табобат ба саёҳат барояд. Аз ин хотир як муддати муайян ў барои табобат ва сайёҳат ба шаҳрҳои Қазон, Москва, Петербург, Ялта, Одесса рафт. Икромиддин дар баробари табобат намудан аз бисёр ҷойҳои таърихӣ дидан кард, бо зиндагӣ, урфу одат, расму оин, маданият, адабиёт ва забони онҳо шинос шуд ва то андозае забони русиро омўхт. Бо ин забон рўзномаю маҷаллаҳои русиро мутолиа менамуд.

Падар Ҷалолхонро аз синни ҳафтсолагиаш ба мактаби кўҳна дод. Дар ин бора Ҷалолхон чунин мегўяд: «Ман аз хурдӣ, ҳанўз дар синни ҳафтсолагиам ба мактаб ва хату савод баровардан иштиёқ пайдо намудам. Мехостам, ки зудтар китобхон шуда, худам бевосита ба олами қиссаю афсонаҳо дохил шавам».

Аз он ки Ҷалолхон қобилияти хуб дошт, дар давоми ду сол савод баровард. Баробари ҷорӣ гардидани мактабҳои нав Ҷалол Икромӣ таҳсилашро дар ин мактабҳо идома медиҳад. Ў хеле хуб ва бошавқ мехонд, махсусан расмкаширо дўст медошт.

«Мо бо шавқу шодӣ мехондем, дарсҳоямон гуногун ва диққатангез буд. Суруд мехондем, машқи тарбияи бадан мекардем, ҳатто ҳамроҳи муаллим бозиҳо мекардем. Яке аз дарсҳои нағз медидагии ман дарси расмкашӣ буд».

Ҷалолхон пас аз дарс боз ба пеши қиссахонҳо, ровиёну ноқилоне, ки дар кўчаю бозори шаҳри Бухоро бешумор буданд, мерафт. Аз онҳо нақлу ривоятҳо дар бораи Рустами Дастон, Абўмуслим, Ҳотам ва ғайраро мешунид. Махсусан қиссагўиҳои Ака Турсун ба Ҷалолхон маъқул буданд. Аз ин рў, номи ин марди оқилро бо некӣ ёд карда чунин мегўяд: «Ака Турсун одами бесавод бошад ҳам, китобдўст, боақл ва пурдон буд. Дутор менавохт, камтар суруд мехонд ва одамони босаводро оварда китобҳои қиссаю афсона, ба мисли «Иброҳими Адҳам», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳотамнома», «Чор дарвеш» ва монанди онҳоро мехононд ва бо шавқ гўш мекард. Дар ин сўҳбатҳо аксар вақт мо ҳам иштирок мекардем ва аз шунидани он қиссаю ҳикоятҳо лаззат мебурдем».

Ҷ. Икромӣ соли 1922 ба омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Бухоро даромад. Ў дар баробари хондан мустақилона асарҳои адибони ғарбу шарқро мутолиа намуд. Ба ин восита доираи ҷаҳонбиниаш васеъ гардид. Махсусан маҷмўаи Маҳмуди Тарзӣ «Аз ҳар даҳон сухане, аз ҳар чаман сумане» чашми нависандаро ба зиндагӣ кушод. Ин асар дар тарбияи сиёсӣ ва ахлоқии ў тағйироти куллӣ ворид сохт. Аз асарҳои Маҳмуди Тарзӣ моҳияти Ватан ва ватандўстиро дарк намуда, дар байни ҳамсабақони худ фаъол гардид.

Ҷалолхон дар ин бора баъдтар чунин мегўяд: «Хондани китоб ва романҳо ба ман чунон фоида овард, ки дар синф яке аз шогирдони пешқадам шудам. Ҳатто муаллими ҷуғрофия маро ба синфҳои боло бурда, ба назди шогирдони калонсол, ки аз ман ду баробар меомаданд, чун намуна нишон медод». Вале, мутаассифона, нишоту хурсандии Ҷалолхон дер давом намекунад. Соли 1923 падари ў Икромиддин вафот мекунад ва адиб бепарастор монда, ба тарбияи ҳукумат мегузарад. Ин ҳодисаи нохуш иродаи матини Ҷалолхонро нашикаст. Баръакс, пас аз ин дар роҳи илмомўзӣ саъю кўшишаш бештар гардид. Вақти худро зиёдтар ба омўхтани асарҳои классикони тоҷику форс, азбар намудани ашъори онҳо сарф мекард. Ў ба хоҳиши худ ба тарзи илова аз устодон забонҳои тоторӣ, туркӣ, озарӣ ва русиро омўхт ва аз худ намуд. Баъдтар асарҳои адибони бузурги дунё В. Гюго, А. Дюма, М.Горкий, О. Балзак, А. С. Пушкин, Лермонтов, Чехов, Толстой ва дигаронро дар асл мутолиа намуд. Нависанда дар ин бора чунин мегўяд: «Ба дасти ман романҳои Виктор Гюго, Александр Дюма, Максим Горкий, Балзак, А. Пушкин, Лермонтов, Гогол, Тургенев, Олимҷон Иброҳимов, Ҷурҷӣ Зайдон, Абдулло Қодирӣ ва дигарон афтодан гирифтанд ва ман чун лабташнаи носер аз он чашмаҳои гуворо ноист менўшидам ва лаззат мебурдам. Ин китобҳоро гоҳ-гоҳ дар тарҷумаи туркӣ, гоҳ дар тарҷумаи форсӣ, гоҳ дар тарҷумаи тоторӣ мехондам».

Ҷалолхон омўзишгоҳро соли 1927 бомуваффақият хатм намуд ва ба донишгоҳи олии шаҳри Самарқанд дохил гардид, Вале рўзгораш вазнинтар гардид ва ў маҷбур шуд, ки донишгоҳро соли 1928 тарк намояд, Ҳамин тавр, Ҷалолхон ҳамон сол боз ба шаҳри Бухоро баргашта, ба омўзгорӣ машғул мешавад.

Соли 1930 дар пойтахти Тоҷикистон конференсияи умумииттифоқии забоншиносон баргузор мегардад, ки Ҷалол Икромӣ ҳам ба ин конференсия ҳамчун вакил даъват шуда буд. Пас аз ин маъракаи басо муҳим адиб доимӣ дар пойтахт мемонад ва ба корҳои илмию адабӣ машғул мегардад. Нахуст дар Институти забон ва адабиёти тоҷик ва пасон дар матбуоти даврӣ ба сифати ходим ва баъдтар котиби масъули маҷаллаҳои «Роҳбари дониш» ва «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ифои вазифа менамояд. Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ чандсол котиби масъули маҷаллаи илмию адабии идораи Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои Шарқ»-ро ба ўҳда дошт.

Дар ин давра ҳамчун нависанда ба бисёр ноҳияю вилоёти ҷумҳурӣ сафари хизматӣ намуда, бо кору зиндагии халқи тоҷик аз наздик шинос мешавад. Натиҷаи сафарҳои адиб дар маҷмўаи очеркҳою ҳикояҳои Ҷалол Икромӣ ҷамъбасти худро меёбад, ки минбаъд бисёр қаҳрамонони очеркҳои нависанда асоси повесту романҳои ўро ташкил медиҳанд.

Илова бар ин, нависанда ба кишварҳои хориҷа, аз қабили Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Германия, Венгрия, Туркия ва ғайра сафар карда, бо ҳаёти мардуми он кишварҳо аз наздик шинос мешавад.

Ҷалол Икромӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, маъракаҳои сиёсӣ фаъолона иштирок мекунад. Махсусан ҳамчун шогирди вафодори устод Айнӣ доимо дар паҳлуяш буда, барои ваҳдату дўстии халқҳои кишварамон хизмати шоиста кардааст. Инчунин бо асарҳои офаридаи худ барои рушду инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик саҳмгузор мебошад. Дар баробари асарҳои илмию адабии устод Айнӣ ва дигарон асарҳои офаридаи ў алайҳи душманони миллат-пантуркизм тирҳои ба нишон буданд ва аҳамияти калони амалӣ доштанд.

Ҷалол Икромӣ соли 1993 дар шаҳри Душанбе вафот кард. Нависанда умри дароз дид ва асарҳои арзанда эҷод намуд. Ҳанўз подоши хизматҳояшро ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш гирифта буд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба Ҷалол Икромӣ унвони олӣ — Нависандаи Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муносиб донист. Ғайр аз ин, барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи адабиёт ўро бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Дўстии халқҳо, Нишони фахрӣ сарфароз гардрниданд. Соли 1964 барои романи «Духтари оташ» ба нависанда мукофоти олии давлатӣ ба номи устод Рўдакӣ дода шуд.

Асарҳои эҷодкардаи Ҷалол Икромӣ барои хонандаи тоҷик басо арзишманданд. Онҳоро пайваста мехонанд.

Бештари асарҳои Ҷалол Икромӣ ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, украинӣ, туркӣ, озарӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайра тарҷума шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ