Имрӯз зодрӯзи шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ мебошад

Гулназар Келдӣ соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1961 мактаби миёнаи деҳаро бо нишони тилло хатм кардааст. Соли 1966 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ба итмом расонидааст.

Гулназар чанд муддат дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чун ходими адабӣ, мудири шӯъба ва ҷонишини муҳаррир фаъолият доштааст. Соли 1973 мудири шӯъбаи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шудааст. Солҳои 1975—1977 дар Афғонистон бо мутахассисони шӯравӣ кор кардааст. Солҳои 1977- 1991 мудири шуъбаи назми «Садои Шарқ» буд. Аз соли 1991 сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», аз соли 1999 сардабири нашрияи «Ваҳдат» ва аз соли 2003 сардабири маҷаллаи «Пайванд» буд. Як муддат вакили Маршеӣ намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҳикистон буд. Ҳоло чун ҷонишини раиси нашриёти «Адиб» фаъолият дорад. Гулназар ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1994) ва Ҷоизаи адабии ба номи Турсунзода (1991) сазовор гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ