Пирӯзии ҳизби вобаста ба Владимир Путин дар интихоботи парлумонии Русия

Бар асоси натоиҷи аввалия, ҳизби “Русия муттаҳид”-и (Единая Россия) вобастаи Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар, алорағми коҳиши ҳимоятҳо, тавониста аксарияти худро дар интихоботи парлумонӣ ҳифз кунад.
Назарсанҷиҳо низ пирӯзии ҳизби ҳокимро пешбинӣ карда буд.
Аксари мунтақидони саршиноси Кохи Кремл аз ширкат дар интихобот манъ шуда буданд ва гузоришҳои мутааддиде аз тахаллуф ва пур кардани сандуқҳои раъй ва раъйгирии иҷборӣ мунташир шудааст.
Комиссияи интихобот ин гузоришҳоро рад карда ва гуфтааст, ки онҳо бахше аз корзоре ҳастанд, ки аз хориҷ таъмини молӣ мешаванд.
Гурӯҳи мустақили нозири интихоботи мавсум ба “Голос”, ки мақомоти русии онҳоро “аъмоли хориҷӣ” меноманд, гуфтаанд, ки беш аз 2750 гузориши марбут ба тахаллуфро бадаст овардаанд.
Аммо дар муқобили комиссияи интихобот гуфта, ки танҳо 137 гузориш дар мавриди “иҷбор ба раъй додан” дарёфт кардааст.
Дар интихоботи ахир, раъйдиҳандагон иқдом ба интихоби 450 намоянда барои Дума (парлумон)-и Русия мекунанд ва дар маҷмӯъи 14 ҳизб дар ин интихобот ҳузур доштанд.
Бар асоси натоиҷи аввалияе, ки комиссияи баргузоркунандаи интихобот аз шумориши 64 дарсади оро мунташир карда, ҳизби “Русияи муттаҳид” наздик ба 48 дарсад ва ҳизби коммунист ҳудуди 21 дарсад парлумонро ба даст овардаанд.
Ҳизби “Русияи муттаҳид” танҳо чанд соат пас аз поёни раъйгирӣ, асри якшанбе эъломи пирӯзӣ дар интихобот кард.
Телевизиони давлатии Русия Андрей Турчак, аз мақомоти аршади ҳизби “Русияи муттаҳид”-ро дар миёни ҳаводорон ин ҳизб дар Москва нишон дод, ки хитоб ба онон мегуфт, ки як пирӯзии пок ва содиқонаро ба даст овардаанд.
Баррасии натоиҷи аввалияи интихобот нишон медиҳад, ки алорағми ин ки ҳизби Путин ба роҳатӣ аксарияти худро дар парлумон ҳифз карда аммо ҳудуди як панҷум ҳимояти пешини худро аз даст додааст. Ин ҳизб дар интихоботи соли 2016 муваффақ ба касби 54 дарсад ироъа шуда буд.
Ҳизби коммунист бо ин ҳол шоҳиди рушди 8 дарсадӣ дар интихоботи ахир будааст.
Ба назар мерасад аз далоили коҳиши ҳимоят аз ҳизби Путин, нигарониҳои мардум дар хусуси стандартҳои зиндагӣ ва иддаои фасоди дастгоҳи ҳоким аз сӯи Алексей Навалний, мунтақиди зиндонии Кремл будааст.
Бо ин ҳол Владмир Путин ҳамчунон дар миёни бисёре аз русҳо маҳбуб аст.
Барои аввалинбор аз соли 1993 нозирони интихобот аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба иллати “маҳдудиятҳо”-и эъмол шуда тавассути мақомоти давлати Русия, имкони назорат бар интихоботро наёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ