Вохӯрӣ бо ҷоизадори бозиҳои параолимпӣ

Дар филиали самарқандии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо Парвина Самандарова, ҷоизадори медали нуқраи Бозиҳои параолимпӣ аз рӯйи намуди парадзэдои варзиш, вохӯрӣ гузаронида шуд.
Нахуст директори филиал У.Мамарасулов ба ҳозирин дар броаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва параолимпӣ, ки дар шаҳри Токио гузаронида шуд, дастовардҳои варзишгарони мамлакатамон дар ин мусобиқаи бонуфуз ҳарф зад. Зикр гашт, ки дар бозиҳои параолимпӣ соҳиби медали нуқра гардидани фарзанди омӯзгори филиал Асад Самандаров – Парвина боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як корманди донишкада мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ Парвина Самандарова дар бораи ҷарани омодагӣ ба бозиҳои параолимпӣ, иштирок дар баҳсҳо ҳарф зад ва ваъдад дод, ки дар Бозиҳои палаолимпии навбатӣ, ки дар шаҳри Парижи Франсия гузаронида мешавад, соҳиби медали тилло хоҳад шуд.

Салом ҲАКИМОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ