Имрӯз Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон ба анҷом мерасад

Имрӯз, 21-уми сентябр Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон, ки шурӯъ аз 13 сентябр дар шаҳрҳои Тошканд, Хива ва Нуқус ҷараён дорад, ба анҷом мерасад. Ин барнома дар чаҳорчӯби Конгресси V ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, дар доираи он чанд намоишгоҳи ёдгориҳои таърихӣ, мусаввирон ва рӯнамоии китобҳои фарҳангӣ баргузор гардида истодааст. Дар ҳафтаи мазкур омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз масъалаҳои асосӣ буда, онро дастандаркорони Конгресси ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҳафтаи мероси таърихию фарҳангии Ӯзбекистон намояндагони зиёда аз 45 кишвари олам, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Русия, Олмон, Лаҳистон, Маҷористон, Британияи Кабир, Туркия, Ҷопон, Албания, Австрия, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Эрон, Чин, Лубнон ва амсоли он иштирок доранд. Ҳамзамон роҳбарияти ЮНЕСКО бо шумули котиби генералии ин созмон хонум Габреела Рамос ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷашнвораи панҷуми конгресс олимон, пажуҳишгарон, мутахассисони соҳаи ҳифз, тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, дастхатҳо ва миниатюраҳо, коршиносони хориҷӣ ва теъдоди зиёди хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат доранд.
Дар доираи ин барномаи фарҳангӣ 15 сентябр дар шаҳри Хива Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор шуд. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ ва сарпарастии ЮНЕСКО доир гардид.
Форуми мазкур аз 4 қисмати баррасии мавзӯъҳо ва масъалаҳо иборат буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ