Замин дар хоҷагии ҷангал муаммо нест, аммо…

Зимни сафари матбуотӣ ба ноҳияи Нуробод хабарнигорон аввал бо фаъолияти хоҷагии ҷангал шинос шуданд.
Дарахти писта, ки ҳафтод сол пеш дар наздикии обанбори Каттақӯрғон барои ҳифзи хок аз эрозия шинонда шуда буданд, ба ҷои кор ва даромади сокинони минтақа табдил ёфтаанд.
– Дар хоҷагии ҷангали Саройқӯрғони ноҳияи Нуробод тақрибан сад нафар кор мекунанд ва мо бештар ба шуғли оилаҳо ва ҷавононе, ки ба «Дафтар оҳанин», «Дафтар ҷавонон» шомиланд, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунем, – гуфт роҳбари хоҷаги Неъмат Ҳамроев. – Дар ин ҷо то 10 гектар заминро ба иҷора дода, барои ба даст овардани даромад шароит фароҳам оварда мешавад. Мо дар 300 гектар замин ниҳолҳои чормағз шинонда, онро ба ҷавононе, ки хоҳиши кор карданро доранд, ба иҷора додем. Ба соҳибкорони ҷавоне, ки ба занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва паррандапарварӣ шуғл доранд, ба мӯҳлати муайян замин ҷудо мекунем.
Дар хоҷагии ҷангал парвариши ниҳолҳо низ ба роҳ монда шудааст. Он макони ниҳолҳои тут, арчаи шарқӣ, дуб ва лаванда аст, ки ба минтақаҳои хушк мутобиқ карда шудаанд.
Журналистон инчунин аз Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Нуробод олтин аср чорваси», ки дар ноҳия таъсис ёфтааст, дидан карданд. Дар ин комплекси ду гектараи чорводорӣ тақрибан 300 сар чорвои зотӣ чаронда мешавад.
– Аз имтиёз истифода бурда, мо чорводории зотиро ба роҳ мондем, – гуфт роҳбари ҶММ Обидҷон Раҷабов. – Мо барои ҳар як гов 2 миллион субсидия гирифта, аз «Микрокредитбанк» ба ивази 400 000 евро кредит аз Маҷористон 160 сар чорвои зотӣ овардем. Дар айни замон аз 130 cap модагов бештар аз 2–2,5 тонна шир мегирем.
Бо мақсади зиёд кардани саршумори чорво, беҳтар намудани сифати маҳсулнокӣ, қонеъ кардани ниёзҳои аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштӣ, барои соҳибкороне, ки дар ин самт кор мекунанд, имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Аммо дар чорводорӣ барпо намудани базаи хӯроки он роли асосӣ мебозад. Соҳибкор қайд кард, ки имрӯз бо ҳамин мушкилот рӯ ба рӯ аст.
– Маҳсулнокии чорво бо ғизо меафзояд, хусусан чорвои зотӣ ба хӯроки зиёд ниёз дорад, – мегӯяд Обидҷон Раҷабов. – Ҳоло мо 25 гектар замини обӣ дорем. Аммо мо бо ин барои чорво ба қадри даркорӣ хӯроки чорво тайёр карда наметавонем. Дар ин ҷода каме мушкилот вуҷуд дорад.
Имсол аз модаговҳои зотие, ки соли гузашта оварда буданд, 120 сар гӯсола гирифтем. Ин боиси хурсандист, албатта. Аммо дар чорводорӣ сифат аз миқдор муҳимтар аст.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ