Ситоиши Рӯдакӣ дар ашъори муосиронаш

Сардафтари адабиёти мумтози форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Муҳаммади Рӯдакиро «Одамушуаро», «Мақаддумушуаро», «Соҳибқирони шоирон» ва ҳоказо ном мебаранд. Мутаассифона, ҳама сабаби сардафтари адабиёти мумтози форсу тоҷик эътироф гардидани устод Рӯдакиро амиқ пай намебаранд. Ӯро ҳамчун падари шеъри тоҷик мешиносем, вале сабабашро намедонем. Яке аз сабабҳои асосии сардафтари шеъри тоҷик номида шудани ӯ дар он аст, ки Рӯдакӣ баъди хилофати араб аввалин шоирест, ки ба забони соф тоҷикӣ шеър гуфтааст. Дигар аз мӯҷибот, ӯ тамоми қавоиду масоили шеъри ­форсӣ-­тоҷикиро ба як риштаи муайян мутарраҳу мушарраҳ намуда аст. Инчунин, дар ҳама жанрҳои шеър, чӣ маснавӣ, чӣ ғазал, чӣ қасида, чӣ рубоӣ қалам ронда, аз беҳтарини нависандагони ин жанрҳо гардидааст. Шеъраш низ афзалтарин шеър шинохта мешавад. Ва яке аз сабабҳои дигар, ҳам ҳамзамононаш, ҳам шоирони баъдина Рӯдакиро ҳамчун устоди худ, бузургтарин шоири ҳама давру замон эътироф кардаанд. Аз ҷумла, Кисоии Марвазӣ мегӯяд:
Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон буд,
Садяк аз ӯ туӣ, Кисоӣ? Паргаст!
Аз ин байт бармеояд, ки ҳанӯз дар асри Х Рӯдакиро ҳамчун устоди шоирони ҷаҳон мешинохтаанд. Кисоӣ бошад, худро ҳатто ба садяки ӯ ҳам баробар надонистааст. Худи ҳамин шоир дар ҷои дигар мегӯяд:
Зебо бувад ар Марв бинозад ба Кисоӣ,
Чун он ки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

Кисоӣ «Устоди Самарқанд» гӯён Рӯдакиро дар назар доштааст. Ин байт низ ишора ба он аст, ки Рӯдакӣ бузургтарини шоирони замони худ буда, ба қавли Кисоӣ тамоми ҷаҳон бо ӯ менозидааст.
Инчунин, ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Рӯдакӣ Абулфазли Балъамӣ гуфта будааст, ки «Рӯдакиро дар Арабу Аҷам назир нест.»
Шоирони зиёде дар ситоиши маҳорати баланди шоирӣ ва мавқеи волои назми Рӯдакӣ сухан рондаанд. Ағлаби онҳо дар пеши бузургии Рӯдакӣ сари таъзим фуруд овардаанд. Шаҳиди Балхӣ, ки яке аз муосирони Рӯдакӣ ба ҳисоб меравад, сухани Рӯдакиро хеле олӣ тавсиф намудааст:
Ба сухан монад шеъри шуаро,
Рӯдакиро суханаш тилви Нубист.

Яъне, сухани дигар шоирон сухани оддӣ бошад, сухани Рӯдакӣ ҳамчун сухани паёмбар аст. Ин низ ба он далолат медиҳад, ки Шаҳиди Балхӣ мақоми Рӯдакиро аз худ боло донистааст.
Маликушшуарои дарбори Ғазнавиён-­Абулқосим Унсурӣ ҳам ба ҳунари беназири Рӯдакӣ таслим гашта, таъкид намудааст, ки дар шеър чун ӯ борикфаҳм нест. Унсурӣ афзуда, ки ғазали беҳтарин ғазалест Рӯдакивор:
Ғазал Рӯдакивор некӯ бувад,
Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.
Агарчӣ, бикӯшам ба борикфаҳм,
Бад-ин парда андар маро бор нест.

Ингуна мисолҳоро бисёр метавон зад. На кам шоирон дар васфи Рӯдакӣ шеър сурудаанд. Аммо маъруфтарини шеърро дар ситоиши ӯ Рашидии Самарқандӣ гуфта, ки ба бештарини мо маълум аст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ рах сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон-к бояд бишмарӣ.

Ин шеър ва дигар шеърҳои дар боло зикргардида ба он далолат медиҳанд, ки дар ҳақиқат Рӯдакӣ садри шоирони форсу тоҷик аст ва месазад, ки ӯро сардафтари адабиёти худ эътироф намоем.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ