1325 хоҷагии фермерӣ ба хоҷагии бисёрсоҳавӣ табдил мееёбад


Дар вилояти Самарқанд дар соли ҷорӣ вазифаи ба хоҷагии бисёрсоҳавӣ табдил додани 1325 хоҷагии фермерӣ гузошта шудааст.
Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои фермерии бисёрсоҳавӣ дар 1338 гектар замин  боғи интенсивӣ, дар камтар аз 3000 гектар токзори нав, дар 327 гектар қулупнайзор, дар 39,9 гектар гармхонаҳо барпо мегарданд.
Айни замон дар 164 хоҷагии фермерӣ аз рӯйи 20 самт корҳо оғоз гардида, беш аз 3709 ҷойи нави корӣ бунёд гардид.
Инчунин, лоиҳаи азнавкоркарди маҳсулоти меваю сабзавот, шир ва гӯшт, нон, сохтани анборхонаҳои яхдондор дар нақша аст.
Дар даври гузаштаи соли ҷорӣ ба ивази 42 миллиарду 821 миллион сӯми бонкҳои тиҷоратӣ лоиҳаи барпо кардани 88 боғи интенсивӣ, 33 токзор, 81 қулупнайзор амалӣ гардид. Инчунин, ба ивази 5 миллиарду 804 миллион сӯм дар 76 хоҷагии фермерӣ моҳипарварӣ ва асалпарварӣ, ба ивази 5 миллиард сӯм дар 51 хоҷагии фермерӣ гӯсфандпарварӣ, бузпарварӣ ба роҳ монда шуд. Ҷ.АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ