Тоҷикистон дар Фарғона кӯдакистон бунёд намуд

Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона кӯдакистон бунёд намуд.
Кӯдакистон барои 200 нафар бо харҷи 420 ҳазор доллар сохта шуд.
«Бо ташаббуси президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Учариқи ноҳияи Риштони вилояти Фарғона муассисаи таҳсилоти томактабии дуошёнаи «Капалак» барои 200 нафар бунёд хабар медиҳад Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зикр гардид, ки кӯдакистони навбунёд рӯзи 24 сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар маросими ифтитоҳи боғчаи кӯдакон вазири маорифи Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода иштирок хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ