Бонки марказӣ: Қарзи умумии бeрунаи Ӯзбекистон ба $2 миллиард зиёд шуд

Бонки марказӣ: қарзи умумии берунаи Ӯзбекистон ба 6 дарсад ё ин ки ба 2 миллиард доллари ИМА афзуда, 35,9 миллиард долларро ташкил мекунад.
Ҳаҷми қарзи умумии Ӯзбекистон нисбати аввали соли ҷорӣ дар ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ ба 6 дарсад ё ин ки бо 2 миллиард доллар зиёд шудан, 35,9 миллиард долларро (бино ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ) ташкил мекунад.
Хусусан, нисбати оғози сол қарзи берунаи давлат ба 3 дарсад зиёд шуда, 22 миллиард долларро, қарзи берунаи аз ҷониби давлат кафолатнашуда бошад, ба 11 дарсад ё ин ки ба 1,4 миллиард доллар зиёд шуда, 13,9 миллиард долларро ташкил кардааст.
Инчунин, дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз рӯйи қарзи берунаи давлат қарзи асосӣ ба миқдори 353,4 миллион доллар ва пардохти фоиз дар 206,5 миллион доллар амалӣ гаштааст.
Пардохтҳои қарзи берунаи хусусӣ бошад, аз рӯйи қарзи асосӣ 1,6 миллиард доллар ва аз рӯйи пардохтҳои фоиз 238,8 миллион долларро ташкил кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ