Вохӯрии Шавкат Мирзиёев бо интихобкунандагони самарқандӣ сар шуд

Номзад ба мақоми Президентии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз Ҳаракати тадбиркорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба Самарқанд омад.
Ҳоло дар Маркази ҷавонон вохӯрии номзад бо интихобкунандагони вилоят доир мегардад.
Вохӯриро шахси бовариноки номзад дар вилояти Самарқанд, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов ифтитоҳ намуд.
24-уми октябри соли ҷорӣ дар кишвар интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон гузаронида мешавад. Ҳоло дар вилояти Самарқанд низ дар ин самт корҳои омодагӣ давом доранд.
Вакили боваринок дар бораи корҳои созандагие, ки солҳои охир дар вилоят анҷом дода шуд, маълумот дод. Сипас сухан ба номзад ба Президентии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дода шуд.
Ҳоло Шавкат Мирзиёев дар доираи барномаи пешазинтихоботии худ суханронӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ