Ширкати “Beeline” барои таъмири мактаб 900 миллион сӯм ҷудо кард

Мактаби таълими умумии рақами 47 -и шаҳри Самарқанд аз нав ба таври замонавӣ таъмир гардида, ба истифода супорида шуд. Дар чорабинӣ вазири таълими халқ Шерзод Шерматов, ҷонишини ҳокими вилоят Хуршид Очилов, президенти ширкати “Beeline” (Veon Group) Каан Терзиоглу ва намояндагони ҷамоатӣ иштирок карданд.
Вазири таълими халк Ш. Шерматов, президенти ширкат Каан Терзиоглу ва дигарон ба сухан баромада, таъкид карданд, ки дастгирии мактаб бояд ба як ҳаракати умумимиллӣ табдил ёбад ва ҷавонони Ӯзбекистони нав бояд аз ҳар ҷиҳат солим ва комил ба камол расида, кишвари моро ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд.
Аз ҷониби хонандагони мактаб намоишҳои мусиқӣ ва ҳунарӣ иҷро карда шуданд. Меҳмонони тадбир бо шароитҳое, ки барои хонандагон дар муассисаи таълимӣ фароҳам оварда шудаанд, шинос шуда, раванди таълимро мушоҳида карданд.
Вазири таълими халқ Ш.Шерматов бо донишомӯзон бо забони англисӣ сӯҳбат карда, тавсия дод, ки онҳо дониши худро оид ба технологияҳои иттилоотӣ боз ҳам мустаҳкам кунанд. Дар китобхонаи мактаб бо хонандагон сулоқот намуда, ба донишомӯзони фаъол ва боистеъдод маҷмӯаи китобҳои навро тӯҳфа кард.
Бино ба маълумотҳо бинои мактаб соли 1986 сохта шуда, имсол пурра таъмир карда шуд. Муассисаи таълимӣ барои 1050 хонанда пешбинӣ шудааст ва ҳоло дар он 1006 хонанда таҳсил мегиранд. Барои таъмир ва таҷҳизонидани мактаб 5 миллиарду 300 миллион сўм маблағ сарф гардида, аз он 4 миллиарду 400 миллион сўм аз ҳисоби барномаи инвеститсионӣ, 900 миллион сўм аз тарафи ширкати “Beeline” ҷудо гардид.
Аз тарафи ширкати “Beeline” барои ҷамоаи мактаб бо мақсади ба таври замонавӣ таҷҳизонидани хонаҳои информатика, математика, робототехника ва забони англисӣ 39 дона маҷмӯи компутер, 4 дона ноутбук, принтер ва таҷҳизоти роботехникӣ тӯҳфа карда шуд.
Хизмати матбуоти Садорати таълими халқи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ