Тошканд мизбони нахустин Форуми иқтисодии Ӯзбекистон

Аввалин Форуми байналмилалии иқтисодӣ, ки дирӯз дар шаҳри Тошканд оғоз ёфт, имрӯз кори худро ба анҷом мерасонад. Мавзӯи форум «Ӯзбекистон: дастовардҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва дурнамои онҳо» мебошад.
Беш аз 1300 иқтисоддонҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, намояндагони кишварҳои шарик ва институтҳои байналмилалии молиявӣ барои иштирок дар форум бори аввал сабти ном шудаанд. Миёни иштирокчиён роҳбарони идораҳои давлатии блоки иқтисодии баъзе кишварҳои ҷаҳон, инчунин ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Анна Берде, ноиби президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Чен, ноиби президент ва роҳбари Шӯрои нозирон аз «Rothschild & Co» Эрик де Ротшилд, собиқ раиси ширкати «Goldman Sachs Asset Management » Джеймс О’Нил, намояндагони сармоягузорон — Veolia, Coca Cola Icecek, Total Eren, Acwa Power, Masdar, EdF ва бонкҳои бузург ба мисли Rothschilds, Lazard, JP Morgan, Citi, SocGen, Raiffeisen Bank, Deutsche Bank, Mizuho, ​​Natixis, Gazprombank, VTB, OTP Bank, TBC Bank, Sovcombank, Expobank ва ғайра ширкат доранд.
Ҳадаф аз баргузории Форум баррасии ташаббусҳои глобалӣ дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, масъалаҳои марбут ба рушди бозори сармоя, татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, 30 сентябр, дар рӯзи дуюми Форуми мазкур миёни иштирокчиёни он якчанд санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ