Аҳолии ҷаҳон бо суръат пир мешавад

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2050 шумораи аҳолии куҳансоли ҷаҳон — аз 65 боло — беш аз ду баробар шуда, ба 1,5 миллиард нафар мерасад. Он вақт пиронсолон 22 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил хоҳанд дод.

Мувофиқи маълумоти СММ, аксарияти пиронсолон дар Осиё, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ зиндагӣ мекунанд. Умуман, аҳолии ҷаҳон дар даҳсолаҳои охир афзоиш ёфтааст: аз 6 миллиард дар соли 1999 то 7 миллиард дар соли 2011 ва 7.8 миллиард дар соли 2021 расидааст.

Дар соли 1950 ҳисоби миёнаи умр 46 сол буд ва дар соли 2010 ин рақам ба 68 сол расид. То соли 2019 шумораи одамони аз 65 -сола боло 703 миллион нафар буданд, ки 261 миллионашон дар Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ ва беш аз 200 миллион дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ буданд.

Ҳоло зиёда аз 1 миллиард одамони синну солашон аз 60 боло ҳастанд, ки аксарияти онҳо дар кишварҳои сатҳи миёна ва камбизоат зиндагӣ мекунанд. Соли 1990 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 1 октябр Рӯзи байналмилалии пиронсолон эълон карда шуд, то ба мушкилоти пиронсолон диққати бештаре диҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ